Мусоидати Бонки ҷаҳонӣ дар таъмини дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошт дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон

Дар доираи «Лоиҳаи таъминоти об ва беҳдошт дар деҳот» – аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои тиббии ноҳияҳои дурдасти ҷануби Тоҷикистон ба оби тозаи нушокӣ ва беҳдошт дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.
Тавре дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ омадааст, рӯзи 28 феврали соли 2019 Шӯрои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ барои ҷудо намудани маблағи грантӣ барои лоиҳаи болозикр дар ҳаҷми 58 млн.доллари ИМА аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба мувофиқа омаданд.
Тибқи таҳиқотҳои охирин дар соли 2016 танҳо 36 фоизи аҳолии деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо 87 фоиз аҳолии шаҳр ба оби тозаи нушокӣ дастрасӣ доштанд. Панҷяк нафари аҳолии деҳоти кишвар обҳои рӯизаминиро ҳамчун оби нушокӣ истифода менамоянд. Ба ҷамъоварии об барои истифодаи минбаъдаи он аз чор/се нафари занону духтарони деҳот машғуланд, новобаста аз он, ки ин ба зарари саломатӣ, таҳсил ва шуғлнокии онҳо мебошанд. Қисми зиёди муассисаҳои таълимии деҳот барои таъмини талаботи санитарӣ имконияти молиявӣ надоранд, ки ин ботадриҷ сатҳу сифати нигоҳдории низоми обтаъминкуниро дар деҳот паст менамояд.
Дар доираи Лоиҳаи таъминоти об ва санитария дар деҳот, зиёда аз 400 ҳазор нафар аҳолии деҳот ба оби тозаи нушокӣ дастрасӣ пайдо менамоянд ва наздикии 100 ҳазор нафар, махсусан кӯдакон аз маблағгузории иншооти санитарӣ-техникӣ ва таълими гигиенӣ дар муассисаҳои таълимӣ, манфиат хоҳанд дошт.
Тақрибан 200 муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои тиббӣ иншооти санитарӣғтехникӣ сохта ё аз нав барқарор карда мешаванд.
Ҳамчунин, дар доираи лоиҳа чорабиниҳо вобаста ба беҳсозии инфрасохтор бо мақсади пайваст намудани аҳолии деҳоти вилояти Хатлон ба хизматрасониҳои асосии обтаъминкунӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар самти таъминоти оби нушокӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
Лоиҳаи мазкур беҳсозии низоми обтаъминкуниро дар ноҳияҳои Вахш, Леваканд, Кушониён, Дустӣ, Балхӣ, Ҷайҳун ва Восеъ дар бар мегирад.