Электроэнергетика

Электроэнергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, истеҳсолот ва ҷузъи ҷудонашавандаи низоми дастгирии ҷаёти мардум, ҳамчунин маориф, нақлит ва телекоммуникатсия  ба шумор меравад.

Аз рӯи иқтидорҳои гидроэнергетикӣ  Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро вобаста ба захираҳои алоҳида нисбат ба ҳудуди кишвар ишғол менамояд. Айни замон, захиарҳои об 95 %-и эҳтиёҷоти кишварро нисбат ба неруи барқ таъмин менамояд.

Соҳаи энергетика, ҳамчунин барои рушди иқтисодиёти кишвар низ нақши арзанда дошта, ҳиссаи хароҷоти энергетикӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 4 %-ро ташкил менамояд.

Системаи барқии Тоҷикистон аз қисматҳои тавлидкунанда аз қабили нерӯгоҳҳо, шабакаҳои гармидиҳӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, зеристгоҳҳо, шабакаҳои тақсимотӣ ва интиқолдиҳанда иборат аст.

Дар самти электроэнергетика Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба таври зерин амалӣ менамояд.

– таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва идоракунии танзимотӣ-ҳуқуқӣ;

– ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоти дигари ҷамъиятӣ;

– таҳияи стратегия, барномаҳо, консепсия, барномаҳои рушд ва татбиқи онҳо;

–  таҳия ва тасдиқи қоидаҳои зарурӣ барои истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

– иҷозатномадиҳи  барои иҷрои намудҳои алоҳидаи корҳо дар самти электроэнергия;

– муайян намудани роҳҳои мушаххас вобаста ба азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергияи дар ҳудуди кишвар қарордошта, бақайдгирии онҳо ва ҳамчунин бақайдгирии таҷҳизоти насбгардида дар маконҳои мазкур;

– ва дигар вазифаҳоеро, ки Низомномаи Вазорат муайян кардааст;