Истифодабарии захираҳои обӣ

Қисмати асосии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун оби нушокӣ ва дар самтҳои санитария, гидроэнергетика, обёрӣ, саноат, моҳипарварӣ, истироҳат ва муҳити зист истифода мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 17-20 фоизи захираҳои оби дар ҳудудаш мавҷудбударо истифода мебарад.

Мушоҳидаҳо ниҳон медиҳанд, ки ҳаҷми солонаи истифодаи захираҳои об аз ҷониби бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар дар муддати мушоҳидашаванда (1985-2014с) аз 8,0 то 14,5 км3/солонаро ташкил менамояд.

Таъминоти оби нӯшокӣ

Таъминоти оби нушокӣ ва санитария аз зербахшҳои муҳимтарини бахши захираҳои об ба шумор рафта, рушди он яке аз вазифаҳои  аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

Ҳаҷми оби дар ин самтҳо истифодашаванда дар як сол 400 млн.м3 -ро ташкил менамояд.

Аз ин нишондиҳанда тақрибан 103-105 млн.м3 бевосита дар ҷониби аҳолии кишвар истифода мешавад.

Талабот ба оби нушокӣ ва санитария камтар аз 5,0 фоизи ҳаҷми умумии оби истифодашавандаро дар саросари кишвар ташкил медиҳад.

Обёрӣ ва заҳбур

Бахшҳои кишоварзии обёришаванда дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда доранд.

Наздики 80 фоизи маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои обёришавандаи кишвар таъмин карда мешаванд. Ҳаҷми умумии оби аз ҳама сарчашмаҳо барои обёрӣ истифодашаванда ба ҳисоби миёна 8,0-10,0 км3 дар як сол ташкил менамояд.

Зиёда аз 90 фоизи ҳаҷми умумии обҳои аз сарчашмаҳои табиӣ ба дастомада барои таъминоти соҳаҳои обёришаванда истифода мешаванд.

Гидроэнергетика

Соҳаи гидроэнергетика яке аз бахшҳои муҳимтарини соҳаи захираҳои оби кишвар ба шумор рафта, асоси иқтидори энергетикии кишварро ташкил медиҳад.

Аз 5414МВт иқтидори энергетикии мавҷудаи кишвар 4996 МВт, ё ин ки 93 фоизи иқтидори мавҷуда аз ҳисоби гидроэнергетика ба вуҷуд меояд.

Дар итеҳсолоти солонаи электроэнергия саҳми гидроэнергия 98-99 фоизро ташкил медиҳад.

Муҳимияти гидроэнергия дар он аст, ки неруи потенсиалии обро бо хусусияти бебозгашт истифода менамояд. Он ба сифати табиии об осеб намерасонад. Ҳамасола 30-35 км3 об аз неругоҳҳои барқи оби гузашта, дар маҷмуъ 16-17 млрд. кВт. соат неруи барқ истеҳсол менамояд.

Таъминоти об дар саноат

Истеҳсолоти саноатӣ дар солҳои аввали истиқсолият ниҳоят паст гардида буд,вале дар солҳои охир он ботадриҷ меафзояд.

Дар соли 1990 дар соҳаи саноат ҳамагӣ 607 млн.м3 ва айни замон 240-300 млн. м3 об истифода мегардад, ки ин шумора 2-3 фоизи ҳаҷми умумии истеъмоли об дар кишварро ташкил менамояд.

Низомҳои экологӣ

Истифодаи захираҳои обӣ барои ҳифзи муҳити зист нақши муҳим мебозад.

Новобаста аз он ки айни замон дар кишвар маълумоти мушаххас вобаста ба ҳаҷми умумии оби истифодашаванда дар муҳити зист мавҷуд нест, маълум аст, ки барои рушди устувор ва ботадриҷи он ҳамасола миқдори зарурии захираҳои об истифода мешавад.

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангалҳо, кулҳо ва ботлоқҷойҳо ҳамчун истифодабарандагони об ба шумор мераванд.

Моҳипарварӣ

Бахши моҳипарварӣ низ ҳамчун бахши муҳими истеъмолкунандаи захираҳои обӣ ба шумор меравад. Бо мақсади кам кам кардани талафоти об мавзеъҳои моҳипарварӣ аслан дар соҳилҳои дарёҳо ва ё наздик ба онҳо сохта мешаванд. Дар ин бахш бо ҳисоби миёна 90-100 млн.м3  ё ин ки 0,8-1,5 фоиз аз ҳаҷми умумии оби истифодашаванда дар кишвар масраф мегардад.

Истироҳат дар об

Дар ҳудуди кишвар шумораи зиёди мавзеъҳои истироҳати дар об мавҷуд мебошад, ки шумораи онҳо 162 ададро ташкил менамояд. Ҳамҷунин, дар ҳудуди кишвар зиёда аз 200 сарчашмаи обҳои минералӣ ва 18 сарчашмаи обҳои шур ва лойҳои шифобахш ошкор гардидаанд.  Ҳаҷми умумии оби истифодашаванда дар мавзеъҳои истироҳати муқаррар карда нашудааст, вале маълум аст, ки кисмати муайяни оби истифодашуда баъд аз полоиш  ба манбаъ бар мегардад.