Иқтидори гидроэнергетикии дарёи Вахш ба 251,15 млрд.кВт.соат баробар буда, дар баробари ин захираҳои аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ мақсаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ 37 млрд.кВт соатро ташкил менамояд. Тибқи таҳлилҳои мавҷуда, айни замон 9 мавзеҳои мувофиқ барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо обанборҳо мавҷуд мебошанд. Айни замон, дар 7-тои он неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори умумии 4775,05 МВт сохта шудаанд.
НБО-и Роғун, ки агрегати якуми он 16 ноябри соли 2018 ба кор андохта шуд, ҳаштумин НБО дар ин силсила ба шумор меравад. баъд аз пурра сохта ба истифода додани НБО Роғун иқтидори умумии неругоҳҳои барқи обии ин силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш ба 8375,05 МВт баробар хоҳад буд.
Дарёи Вахш яке аз дарёҳои калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дарёчаҳои дигар ва дигар резишгоҳҳое, ки ба ҳавзаи дарёи Вахш ворид мегардад 6276 ададро бо дарозии умумии 17073 км ташкил мехиҳанд. Дар ҳавзаи дарёи Вахш садҳо пирях бо масоҳати умумии наздики 5000 ки2 мавҷуд мебошад. Ҳамчунин, ба ҳавзаи дарёи Вахш 569 кулҳои куҳӣ бо масоҳати умумии 17,37 км2 дохил мегардад.
Дарёи Вахш | Ҳаҷми обанбор км3 | Иқтидори мавҷуда,
МВт |
Коркард
млрд.кВт.соат/сол |
НБО Роғун | 13,3 | 3600 | 17,0 |
НБО Шуроб | 0,027 | 850 | 2,1 |
НБО Норак | 10,5 | 3000 | 11,2 |
НБО Бойғозӣ | 0,084 | 600 | 2,9 |
НБО Сангтуда-1 | 2,7 | 670 | 2,5 |
НБО Сангтуда -2 | 0,932 | 220 | 0,665 |
НБО Сарбанд | — | 240 | 0,96 |
НБО Перепадная | — | 29,95 | 0,21 |
НБО- и Марказӣ | — | 15,1 | 0,114 |
Ҳамагӣ: | 27,543 | 9225,05 | 33,649 |