Захираи гидроэнергетикии дарёи Панҷ.

Иқтидори гидроэнергетикии дарёи Панҷ ба 122,9 млрд. кВт.соат баробар буда, дар баробари ин захираҳои аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ мақсаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ 82 млрд.кВт соатро ташкил менамояд. Тибқи таҳлилҳои мавҷуда, айни замон 14 қисматҳои марзӣ  барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо обанборҳо мавҷуд мебошанд, ки танҳо яке аз онҳо мавриди истифода қарор дорад.  Дарёи Панҷ яке аз бузургтарин дарёҳои Тоҷикистон бодарозии 921 км, майдони обҷамкунии 114000 км2 ва бо ҳаҷми ҷараёни об 33,4км2 ба шумор меравад. Давомнокии ин дарё сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷудо менамояд.

Дарёи Панҷ Ҳаҷми обанборҳо, км3 Иқтидори муқарраргардида,

МВт

Истеҳсол

млрд.

кВт.ч/год

НБО Баршор 1,25 300 1,6
НБОАндероб 0,1 650 3,3
НБО Пиш 0,03 320 1,7
НБО Хоруғ 0,01 250 1,3
НБО Рушон 4,1 3000 14,8
НБО Язғулом 0,02 850 4,2
Гранитные ворота ГЭС 0,03 2100 10,5
НБО Ширговард 0,04 1000 9,7
НБО Хостав 0,04 1200 6,1
НБО Даштиҷум 10,2 4000 15,6
НБО Ҷумар 1,3 2000 8,2
НБО Москва 0,04 880 3,4
НБО Кончин 0,2 350 1,5
Маҷмуи иншооти гидротехникии болооби Амударё 15,2 1000 4,4
             Ҳамагӣ 32,56 17900 86,3