Бо мақсади ҷалби сармоя ва муҳаё намудани фазои мусоиди сармоягузорӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ », «Дар бораи имтиёзҳо», «дар бораи шарикии давлат вабахши хусусӣ», «Дар бораи хусусигардонии моликиятидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи шартномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва «Дар бораи таърихи қарз » қабул гардидаанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати таъмин намудани фазои мусоиди сармоягузорӣ низоми махсуси кафолатӣ барои сармоягузорон ва фаъолияти сармоягузорӣ муайян гардидааст. Реҷаи махсуси барои сармоягузорони маҳалӣ ва хориҷӣ ягона ташкил гардидааст, ки интиқоли озоди фоида ва дигар намуди даромадро аз фаъолияти сармоягузорӣ қафолат медиҳад.
Қонунгузорӣ, ҳамчунин, системаи имтиёзҳоро дар самти андоз ва гумрук таъмин менамояд.
Барои сармоягузороне, ки дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, махсусан сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ фаъолият менамоянд, имтиёзҳои махсус муайян гардидааст.
Озод гардидан аз андози даромад
- 2 сол бо ҳаҷми сармоягузориҳо аз 200 то 500 ҳазор долл. ИМА,
- 3 сол бо ҳаҷми сармоягузориҳо аз 500 ҳазор долл. ИМА то 1 млн.долл.ИМА,
- 4 сол бо ҳаҷми сармоягузориҳо аз 2 млн. то 5 млн.долл.ИМА
- 5 сол бо ҳаҷми маблағгузории зиёда аз 5 млн. долл. ИМА
Имтиёзҳои андоз ва гумрукӣ
- техника, таҷҳизот ва дигар ҷузъиёт барои неругоҳҳои барқи обӣ
- воридоти молу маҳсулот барои татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида,
- озод намудан аз ҳама намуди андозҳо дар муддати идома доштани сохтмон дар ҳудуи кишвар
Ҳолати ҳуқуқии сармоягузор
- ҳуқуқҳои баробар барои сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ,
- ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон,
- ҳуқуқи интиқоли фоида ба хориҷа бо асъори хориҷӣ,
- ҷойивазкунӣ озоди моликият ва иттилоот
Ҳифзи сармоя
- Созишнома оид ба тавсеа ва ҳифзи мутақобилаи сармоя бо 36 кишвари хориҷӣ,
- Низоби мувофиқи ҳуқуқӣ барои сармоягузорон,
- Созишномаҳои сармоягузорӣ,
- Созишномаҳо оид ба шарикӣ