Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 кулҳо бо масоҳати умумии 705 км2 арзи вуҷуд доранд. Аксарияти онҳо ҳамчун обанбор ба қайд гирифта шуда, масоҳати сатҳи болои оби онҳо камтар аз 1 км2 буда, 97,5 фоизи шумораи умумии кулҳо ва танҳо 9 фоизи масоҳати умумии онҳоро ташкил медиҳанд.
Шумораи зиёди кулҳои кишвар дар куҳҳои Помир-Олой дар баландии 3500-5000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир гардидаанд. Масоҳати онҳо 80 фоизи масоҳати умумии кулҳои кишварро ташкил медиҳад.
Шумораи кулҳои нишемангоҳ ва пастҳамиҳо дар кишвар дар маҷмуъ 30 ададро бо масоҳати умумии 2,4 км2ташкил медиҳанд. Захираи умумии кулҳои кишвар зиёда аз 46,3 км3 –ро ташкил дода, тақрибан 20 км3 –ии он оби тозаи нӯшокӣ мебошад.
Кули Саррез
Кули Саррез – марвориди қимматбаҳо дар иҳотаи куҳҳои Помир ва мавзеи нотакрори табиати кишвар ба шумор меравад. Кули Саррез 18 феврали соли 1911 дар натиҷаи заминҷунбии шаддид (9 балл) ва фаромадани ярч ба 2,2 км3 ба саргаҳи дарёи Мурғоб ва пурра нобут гардидани деҳаи Усой ба вуҷуд омадааст. Баландии сарбанди дар саргаҳи дарёи мазкур бавуҷудомада 567 меттро ташкил намуда, баъдан ҳамчун садди Усой машҳур гардидааст. Оби ҳавзаи ташкилгардида худди ҳамон сол лабрез гардида деҳаи Саррезро пурра зери об кард. Дар ҳамин асос кули Саррез ба вуҷуд омада номи деҳаи Саррезро гирифта аст. Масоҳати кули Саррез 55,8 км, чуқурии он 505 м ва буриши об аз сатҳи баҳр 3263 м ва ҳаҷми он 17 км3-ро ташкил менамояд.
Обанборҳо
Обанборҳо сарчашмаҳои табии захираҳои обӣ ба шумор намераванд, вале онҳо дар идоракунии оқилонаи ҷараёни об дар дарёҳо бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии кишвар нақши муҳим мебозанд. Ин арзиши обанборҳо дар заминаи тағйирёбии иқлим низ бештар зоҳир мегардад.
Ҳамчунин обанборҳо дар пешгирии обхезӣ ва ҳифзи иншооти хоҷагии халқ аз таъсири харобиовари офатҳои табиии бо об алоқаманд, ки дар шароити Осиёи Марказӣ бисёр ба назар мерасанд, нақши арзишманд дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 обанбори арзишҳои гуногундошта сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҳама калонтарини онҳо обанбори Қайроққум- дар шимол ва обанбори Норак-дар қисмати марказии кишвар ҷойгир мебошанд.
Майдонии умумии обӣ дар ҳама обанборҳои кишвар ба 664 км2, ҳаҷми умумӣ ба 15,344 км3, аз ҷумла манфиатнок 7,63км3, баробар буда, 13 фоизи оби миёнаи солонаи ҳавзаи баҳри Аралро таъмин менамоянд.