Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар доираи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 муайян гардидааст.
Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 дар соҳаи энергетика нишондиҳандаҳои асосии зеринро муайян намудааст, аз қабили 10/10/10/10-500, ки ин маънои (1) баланд бардоштани иқтидорҳои тавлиди нерӯи барқ то 10 Гигаватт, (2) кам кардани талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ дар шабакаҳо то 10 %, (3) афзун намудани содироти нерӯи барқ то 10 млрд.кВт.соат/солона, (4) диверсификатсияи сарчашмаҳои истеҳсолӣ то 10 % ва ба даст овардани зиёда аз 500 млн.кВт.соат/солона аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва истифодаи технологияҳои самаранокии энергияро дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, ин нишондиҳанда ба 527 млрд.кВт.соат/солона баробар мебошад. Наздики 95 фоизи неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Айни замон, Асосноккунии техникиву иқтисодии пешакӣ барои 6 лоиҳа оид ба сохтмони НБО-и калон ва 16 лоиҳа оид ба сохтмони НБО-и хурд бо таҳлили молиявӣ ва техникӣ омода гардидааст.
Неругоҳҳои барқи обии бузург
- Сохтмони НБО- Шуроб (850 МВт)
- Сохтмони НБО-Нуробод- 1 (200 МВт)
- Сохтмони НБО Нуробод- 2 (160 МВт)
- Сохтмони НБО Фондарё (135 МВт)
- Сохтмони НБО Айнӣ(160 МВт)
- Сохтмони НБО Санобод (200 МВт)
Нерӯгоҳҳои барқи обии хурд
- Сохтмони НБО- хурд Домбрачӣ (15МВт)
- Сохтмони НБО-хурд Себзор (11 МВт)
- Сохтмони НБО-хурд Ҳафткул– 1 (10 МВт)
- Сохтмони НБО-хурд Ҳафткул–2 (8 МВт)
- Сохтмони НБО- хурдИскандардарё (6 МВт)
- Сохтмони НБО-хурд Назармерган (4,7 МВт)
- Сохтмони НБО-хурд Ёрмазор (2,3 МВт)