Обҳои зеризаминии барқароршаванда ба ду қисмат ҷудо мешаванд.
Захираҳои ба таври табиӣ дар куҳҳо ва обанборҳо ҷамъшаванда ва захираҳои оби дар асоси полоиш дар ҳудудҳои обёрӣ ташаккулёбанда. Ҳаҷми умумии обҳои зеризаминӣ ба 18,7км3 дар як сол баробар буда, дар як сол танҳо 2,8 км2 он истифода мегардад.
Қисмати зиёди обҳои барқароршаванда дар ҳавзаи дарёи Вахш- 4919 млн.м3/сол, Сирдарё- 3579 млн.м3/сол ва Кофарниҳон – 2505 млн.м3/сол ба қайд гирифташудаанд.
Обҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат ва ҷуқурии уфуқии нобаробар паҳн гардидаанд. Захираҳои обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғд 25,6 фоизи захираҳои умумии обҳои зеризаминии кишвар ва 45,8 фоизи ҳаҷми истифодашавандаи онро ташкил медиҳанд. Дар вилояти Хатлон 21,8 фоизи ҳаҷми умумӣ ва 25,9 фоизи ҳаҷми истифодашаванда ва дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон 21,4 фоизи ҳаҷми умумӣ ва 1,28 фоизи ҳаҷми умумии обҳои барқароршаванда дар ноҳияҳои тобеи марказ ҷойгир гардидаанд.
Обҳои маъданӣ
Дар ҳудуди кишвар зиёда аз 200 адад манбаъҳои обҳои маъданӣ арзи вуҷуд доранд. Дар минтақаҳо рушди кабати полеозой ва ҷинсҳои магматикӣ 86 баромадгоҳи табиии обҳои карбонӣ ва нитрогенӣ (азотӣ) ба қайд гирифта шудаанд. Наздики 70-тои он дар ҳудуди вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ҷойгир мебошад.
Мавзеъҳои маъмуру манфиатбахши он Обигарм ва Хоҷа Обигарм ба шумор мераванд, ки дар каторкуҳҳои Хисор ҷойгир гардидаанд. Дар ин росто обҳои минералии машҳуртарин кишвар Шоҳамбарӣ, Анзоб, Файзобод, Истаравшан, чашмаҳои табобатӣ ин Хавотоғ, Табошар, Адрасман, Явроз, Қаратоғ, Боботоғ, Гармчашма, Айваҷ, Бахмир, Эплис ва гайраҳо ба шумор мераванд. Дар заминаи баъзе чашмаҳо мавзеъҳои табобатию истироҳатӣ сохта шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ тақрибан 100 манбаъҳои обҳои гарм (геотермелӣ) ошкор гардидаанд, ки дар ҳолатҳои зарӯрӣ, метавонанд, норасоии сӯзишворӣ ва гармиро дар тавозуни электроэнергетикӣ қисман ҷуброн намоянд.