Дарёҳо – дороӣ ва хазинаи беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар ҳудуди кишвар тақрибан 947 адад дарёҳо ҷорӣ мешаванд, ки дарозии умумии онҳо ба 28500 км баробар мебошад.
Амударё ва Сирдарё дарёҳои калонтарин ва асосии кишвар ба шумор рафта, ҳавзаи дарёи Аму аз якҷояшавии ҷараёни оби дарёи Панҷ (бо резиши асосии дарёҳои Ғунт ва Бартанг), дарёи Вахш, (ки аз обҳои водии Олой ва Помири шимолӣ ташкил меёбад), дарёи Кофарниҳон, Сурхондарё, (ки аз нишебиҳои қаторакуҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд) ташкил меёбад.
Маҷрои миёнасолонаи дарёҳо дар кишвар 64 км3, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Аму 62,9 км2 ва дар ҳавзаи дарёи Сир 1,1 км3 –ро ташкил менамояд. Оби дарёҳои Тоҷикистон 54,4 фоизи ҳисоби миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамояд.
Амударё
Амударё калонтарин дарёи Осиёи Марказӣ бо масоҳати 199350км2, дарозии 2294 км ва ҷараёни миёнаи солонаи 78,46 км3 ба шумор меравад. Ба ҳавзаи ин дарё Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил мебошанд. Ба ҳавзаи Амударё аз дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон ҳаҷми зиёди об ворид мегардад, ки 75,5 фоизи ҳаҷми умумии захираи оби ҳавзаи дарёи Амуро ташкил менамояд.
Амударё барои арзи вуҷуд доштани милионҳо мардуми минтақа ва пешбурду рушди соҳаҳои кишоварзӣ, обёрӣ, истеҳсоли нерӯи барқ, саноат, таъминоти оби нушокӣ ва маишӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Сирдарё
Сирдарё дуюмин дарёи калонтарин дар Осиёи Марказӣ бо масоҳати умумии 150100км2 ба шумор рафта, дарозии умумии он аз нуқтаи якҷояшавии дарёҳои Норин ва Қарадарё 2684 км ва аз манбаъи дарёи Нарин 3019 км – ташкил медиҳад.
Сирдарё аз шимоли Тоҷикистон бо дарозии 192 км ҷорӣ ва ҳаҷми зиёди оби дар ҳудуди Тоҷикистон ба Сирдарё аз дарёҳои Исфара, Хоҷабоқирғон ва Оқсу ворид гардида, тақрибан 1,1 км3 –ро ташкил менамояд. Қисмати асосии чараёни оби Сирдарё дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил ёфта, тақрибан 75 фоизро ташкил менамояд ва тавассути Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардида, дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ба қисмати шимолии баҳри Арал пайваст мегардад.