30-юми октябри соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» (дар таҳрири нав), «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва мубориза бо терроризму экстремизм таҳти раёсати муовини вазир Шарифа Худобахш бо иштироки намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Бурҳониддин ва кормандон ҷаласа баргузор гардид.
Ҷаласаро Шарифа Худобахш ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки қонунҳои мазкур, ки ҳамчун қонунҳои миллӣ арзёбӣ мегарданд, воқеан, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандони кишвар равона гардидаанд.
Бурҳониддин Аминов зимни баромади худ меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба таври муфассал шаҳру тавзеҳ дод.
Иброз гардид, ки қонуни мазкур се ҷанбаи муҳим – иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва маънавиро дар бар мегирад. Яъне, Қонун барои баланд бардоштани руҳияи башардӯстӣ ва инсондӯстӣ дар ҷомеа равона гардида, мухолифи исрофкориву зиёдаравиҳо мебошад.
Сипас, Гулдаста Халилова, мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорат, зимни суханронӣ иброз дошт «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» (24 декабри соли 2022, № 1920), агар аз як тараф тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бошад, аз тарафи дигар вогузоштани масъулият бар зиммаи шаҳрвандон дар самти ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, бедории ҳувияти миллӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва пойдории истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад. Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил менамояд. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, тавассути таълифоту суханрониҳо ва паёмҳои ҳамасола ҷомеаи мадании кишварро пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд».
Дар идома, Нигина Назарова – сармутахассиси раёсати ҳуқуқи Вазорат дар мавзуи «Таъмин ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» (дар таҳрири нав)» ва Шамсиддин Фақиров – сармутахассиси раёсати ҳуқуқи Вазорат дар мавзуи «Мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстемизм, радикализм, хурофоту таассуби динӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ» баромад намуданд.
Дар фароварди ҷаласа Хусрав Рамазонзода, сардори раёсати ҳуқуқи Вазорат қайд кард, ки ҳамагон вазифадорем, ки баҳри иҷрои талаботи қонунҳои миллӣ ва дарки воқеии ҳадафҳои онҳо кӯшиш ба харҷ диҳем. Зеро зиндагии босаодати ҳар як халқ аз эҳтиром гузоштан ба қонунҳои амалкунанда ва риояи онҳо, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ вобаста аст.