Санаи дуюми июли соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захирањои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонали Усмонзода ва ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистонро Вазири энергетикаи он кишвар Умар Аюб Хон роҳбарӣ намуда, ҳайатҳо аз намояндагони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҳар ду кишвар иборат буданд.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аз давраи соҳибистиқлол гардидани кишвари мо сарчашма гирифта, соҳаҳои мухталифи фаъолиятҳои иқтисодию иҷтимоии ҳар ду кишварро фарогир мебошад.
Тибқи маълумоти омори расмӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон 11.3 млн. доллари америкоиро ташкил дода, ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ дар тиҷорати дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Покистон ба содирот 1.7 млн. доллар ва ба воридот 9.6 млн. доллари ИМА рост меояд, ки вазни хоси он дар ҳаҷми умумии тиҷорати берунаи кишвар 1.2 фоизро ташкил медиҳад.
Сохтори содирот ва воридоти маҳсулоти асосиро дар семоҳаи якуми соли 2019 бо Ҷумҳурии Исломии Покистон нахи пахта, ангишт, шакар, меваҷот ва чормағзҳо, сабзавот, маҳсулоти фармасевтӣ ва ғайраҳо ташкил дода, самтҳои муҳимтарини тақвият бахшидани муносибатҳо ин боз ҳам устувор намудани бахши тиҷорат, сармоягузорӣ, иқтисодиёт ва фарҳангу маънавиёт ба шумор меравад.
Лозим ба зикр аст, ки дар доираи ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии ҶумҳурииТоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаҳои Гуруҳи кории муштарак оид ба нафту газ ва энергетика низ баргузор гардид, ки дар доираи онҳо масоили рузмараи марбут ба соҳаҳои мазкур, мушкилоти мавҷуда ва шароиту имкониятҳои тавсеа додани ҳамкориҳо дар ин самт мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар интиҳо аз натиҷаи кори ҷаласаҳои гуруҳҳои корӣ ва ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон Протоколи ҷаласаи шашуми Комиссия ба имзо расонида шуд.