Санаи 9-10 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматӣ ва Гуруҳҳои кории муштараки Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерўи барқи CASA-1000 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои лоиҳа аз қабили Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, намояндагони сатҳи баланди шарикони рушд ба монанди Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди Байналмилалӣ, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир ва коршиносони Барномаи минтақавӣ оид ба ҳамкории энергетикӣ (Energy Links) ширкат варзиданд.
Дар рафти ҷаласа паҳлуҳои мухталифи Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерўи барқи CASA-1000 баррасӣ гардида, ҷонибҳо барои таъмини татбиқи саривақтии Лоиҳа қарорҳои заруриро қабул намуданд.
Аз ҷумла, ба масъалаҳои марбут ба анҷоми корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, иҷрои саривақтии чорабиниҳои экологию иҷтимоӣ, истеҳсоли сифатноки таҷҳизотҳо, механизми пешниҳоди кафолати шарикони рушд ба кишварҳои аъзои лоиҳа, татбиқи стратегияи алоқа бо ҷомеа ва таъсиси Кумитаи татбиқи Лоиҳа диққати махсус зоҳир карда шуд.
Зимни ҷаласа, аз ҷониби ҳайати кишвар вобаста ба рафти татбиқи қисматҳои тоҷикистонии лоиҳа, аз ҷумла ҷиҳати дар муҳлатҳои муйянгардида пардохт гардидани маблағҳои пешпардохт ба пудратчиён, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати кишвар ҷудо гардидани қитъаи замин барои сохтмони зеристгоҳҳои конверторӣ ва электродии лоиҳа, анҷом ёфтани таҳқиқотҳои геологӣ дар мавзеи сохтмони зеристгоҳи конверторӣ, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доштани таҳияи ҳисобот оид ба таъсири лоиҳа ба ҳифзи муҳити зист, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доштани корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ дар самти бунёди хатҳои интиқоли барқи ҷараёни доимӣ ва тағйирёбанда ва оғоз гардидани истеҳсоли таҷҳизот, такягоҳҳо ва ноқилҳои барқӣ дар корхонаҳои истеҳсолкунанда иттилоъ дода шуд.
Тибқи иттилои ҳайатҳои дигар кишварҳои аъзои лоиҳа, рафти корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, иҷрои чорабиниҳои экологию иҷтимоӣ, ҷудо намудани қитъаҳои зарурии замин барои бунёди инфрасохтори зарурии лоиҳа идома доранд.
Аз ҷумла, дар қисмати Афғонистонии лоиҳа корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, таҳқиқотҳои геологӣ, озмоишҳои техникии такягоҳҳо ва ноқилҳои барқӣ ба анҷом расонида шуда, то ин муддат як қисми такягоҳҳо ва ноқилҳои барқӣ ба мавзеъҳои сохтмонӣ ворид гардидаанд.
Вобаста ба бунёди зеристгоҳи конверторӣ дар ҳудуди Покистон, айни замон қитъаи зарурии замин ҷудо гардида, иҷрои чорабиниҳои экологию иҷтимоӣ оғоз гардиданд.
Дар қисмати қирғизистонии лоиҳа корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ ва иҷрои чорабиниҳои экологию иҷтимоӣ идома доранд. Дар маҷмуъ, иттилоъ дода шуд, ки кишварҳо ҷиҳати вусъат бахшидани рафти татбиқи қисматҳои лоиҳа бо истифода аз тамоми имконият ва механизмҳои мавҷуда чорандешӣ намуда истодаанд.
Бо мақсади иҷрои талаботи Созишномаи генералии лоиҳа ҷиҳати таъмини назорати доимӣ, ҳамоҳанг намудани фаъолияти агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳа, аз ҷониби Шӯрои байниҳукуматии лоиҳа тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.