Санаи 13 июли соли 2019 дар ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат маросими ифтитоҳи расмии лоиҳаи “Барҷтаъминкунии ҷамоати деҳоти Ромит” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Ҷумурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори дафтари минтақавии Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Раиси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Лоиҳаи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари кориашон ба шаҳри Ваҳдат санаи 4 июни соли 2016 баён доштанд, роҳандозӣ гардидааст.
Маблағгузории лоиҳа дар доираи ҳамкориҳои дӯстона байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ тавассути Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) дар заминаи Протоколи музокирот байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз 14 феврали соли 2018 ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи лоиҳа барқтаъминкунии деҳаҳои Ғускеф, Пичеф, Қоқӯ, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан ва Дашти мазор-и ҷамоати деҳоти Ромит ба нақша гирифта шуда аст.
Лоиҳа аз сохтмони як адад зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ (бо насби як адад трансформатори 10 Мегаволт – ампер), сохтмони тахминан 500м хати интиқоли барқи 40 кВ, 47 км хати интиқоли барқи 20 киловолта, 15 км хати интиқоли барқи 0,4 киловолта дар ҳамаи деҳаҳо, насби 9 адад трансформатори 20/0,4 киловолта ва насби низоми ҳисоби нерӯи барқ иборат мебошад.
Бо мақсади татбиқи лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ тавассути Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) 6 000 000 доллари ИМА ба сифати грант пешниҳод гардидааст. Хизматрасонии мушовирӣ дар доираи лоиҳа ба зиммаи яке аз ширкатҳои бонуфузи Корея – Корпоратсияи энергетикии Корея (KEPCO) ва иҷрои корҳои сохтмонии он ба зимаи ширкати ватании ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж” вогузор гардидааст.