Ба даст овардани Истиқлолиятидавлатӣ муваффақияти бузург ва ифтихори ҳар як шаҳрвандиТоҷикистон мебошад. Ба хотири пойдории истиқлолияти воқеии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди як силсила иншооти тақдирсоз ва сохтмонҳои бузурги дорои аҳамияти умумидавлативу байналмилалиро идома дод, ки онҳо пешомади давлатро дар асри XXI муайян ва роҳнамоӣ менамоянд. Дар бораи дастовардҳои соҳаиэлектроэнергетика дар даврони истиқлолияти давлатӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо Вазири энергетика ва захираҳои обиҶумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ УСМОНЗОДА суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Вазир, Шуморо бо 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик менамоем. Лутфанбигӯед, ки соҳаи энергетикии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба кадом муваффақиятҳои бузург ноил шуд ва дар ин давра дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ чанд лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ гардид?
Усмоналӣ Усмонзода: Ташаккур. Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва пешрафта оғоз намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика ноил гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра, пеш аз ҳама, масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакатро ба миён гузошт.
Барои рушди иқтисодиёти давлат моро зарур буд, ки ба истиқлолияти энергетикӣ ҳарчи зудтар ноил гардем. Сарвари давлат низ борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти мамлакат бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст. Барои рушди энергетика, ки яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии мамлакат шуморида мешавад, кӯшишҳои зиёд роҳандозӣ гардид. Дар ин муддат, давлату миллати шарифи тоҷик дастуру ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор дода, баҳри ҳалли мушкилоти энергетикӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва равшану чароғон намудани ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ камари ҳиммат баста, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар ин давра дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 25 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 2,4 млрд. доллари ИМА татбиқ гардида, барои соҳа дастовардҳои мусбат ба бор оварданд. Муҳимтарин дастовардҳои соҳа-ин мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670МВт), «Сангтӯда-2» (220МВт), Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» (400 МВт) ва неругоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии 1320МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и «Норак»», хати интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол», ду хати интиқоли барқи 500 кВ аз НБО Роғун то зеристгоҳи «Душанбе-500», зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран-2», «Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар НБО-и «Норак»» ва НБО-и «Қайроққум» ва хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор — Хатлон», «Тоҷикистон — Афғонистон», «Хуҷанд – Айнӣ», «Қайроққум-Ашт», «Геран-Румӣ», «Қайроққум-Суғд» ва «Айнӣ–Рӯдакӣ» ба шумор мераванд.
Айни замон 9 лоиҳа ба маблағи умумии 1 119,4 млн. доллари ИМА амалӣ шуда истода, 6 лоиҳа ба маблағи умумии 212,1 млн. доллари ИМА дар марҳилаи ҷараёни озмунҳо ва гуфтушунидҳо бо шарикони рушд ҷиҳати дарёфти сарчашмаи маблағузорӣ қарор доранд.
Дастоварди аз ҳама муҳим ва беназири соҳа – ин моҳи ноябри соли 2018 дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ду хати интиқоли барқи 500 кВ «Роғун-Душанбе» ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 500 ва 220 кВ-и он ба шумор меравад, ки имрӯзҳо мо дар арафаи мавриди истифода қарор додани агрегати дуюми он қарор дорем.
АМИТ «Ховар»: Дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- 9 сентябр агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта мешавад, ки онро метавон дастоварди азими навбатии соҳа ҳисобид…
Усмоналӣ Усмонзода: Тавре дар боло зикр кардам, дастовардҳои аз ҳама муҳим ва беназири соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ– ин ба истифода додани агрегати якуми НБО «Роғун», ду хати интиқоли барқи 500 кВ «Роғун-Душанбе» ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 500 ва 220 кВ-и он ба шумор мераванд.
Бунёди ин иншооти азими аср қадамест, ки роҳи Тоҷикистонро барои пиёда сохтани ҳадафҳои дар пешгузошта, дастрасии комил ба истиклолияти энергетикӣ, рушди бесобиқаи соҳаҳои гуногун ва таъмини зиндагии шоиста ҳамвор месозад. Зеро НБО «Роғун» пуриқтидортарин иншооти энергетикӣ дар мамлакат ба шумор рафта, илова бар ин бузургтарин иншоот барои истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва омили таъмини рушди устувори Тоҷикистон мебошад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми неру ва захираву имкониятҳоро барои бунёди НБО «Роғун» сафарбар намуд. Роҳбарияти олии мамлакат амиқан дарк мекарданд, ки «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва ояндаи ободи Тоҷикистон мебошад.
Албатта, баъди ба кор даромадани агрегати дуюми ин иншоот ба иқтидори умумии энергетикии мамлакат боз қувваи бузурги кохи нури Тоҷикистон зам хоҳад шуд. Воқеан ҳам Роғун калиди муваффақиятҳои беназири мардуми Тоҷикистон дар асрҳои оянда хоҳад шуд. Зеро бо таваҷҷуҳ ба ҳадафҳои стратегии давлат, ки саноатикунонии босуръат яке аз онҳост, неруи барқ ва он ҳам арзону безарар муҳаррики асосӣ ё гардонандаи муҳимтарини иқтисодиёту иҷтимоиёт ба ҳисоб меравад.
АМИТ «Ховар»: Таъмини мунтазами барқ, албатта, аз инфрасохтори энергетикӣ вобастагии калон дорад. Манзури мо ин аст, ки имрӯз инфрасохтори соҳаи энергетика дар кадом сатҳ қарор дорад?
Усмоналӣ Усмонзода: Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат бо дарназардошти омилҳои гуногуни техникию сиёсӣ, инфрасохтори энергетикии ҷумҳурӣ куллан тағйир ёфта, маҳз бо татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки дар мамлакат низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода шуда, таъмини барқ аз истеҳсолкунандагони дохилӣ пурра дар тамоми ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад.
Лоиҳаҳои сармоягузории дар ин давра татбиқгардида, аслан барои зиёд ё барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ, созмон додани низоми ягонаи энергетикии кишвар (пайвастшавии шабакаҳои барқии қисмати шимол ба низоми энергетикии асосии мамлакат), таъмини фаъолияти устувори он ва барои баланд бардоштани имконияти содиротии неруи барқ равона карда шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар ин давра зиёда аз 1500 МВт иқтидорҳои нав ба кор дароварда шуда, як зумра иқтидорҳои мавҷуда, аз қабили НБО-и «Варзоб-1», НБО-и «Марказӣ», НБО-и «Помир-1» ва агрегатҳои 4 ва 5-и НБО-и «Сарбанд» навсозӣ ва фаъолияти онҳо устувору бехатар карда шуд.
Натиҷаи асосии татбиқи ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ, то 6120 МВт баланд гардидани иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ, бунёди зиёда аз 1300 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, истеҳсоли зиёда аз 19 млрд. кВт. соат неруи барқ дар соли 2019, зиёд шудани содироти неруи барқ то 2,4 миллиард киловатт/соат ва беҳтар шудани таъмини аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат бо барқ мебошад.
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазормегаватт расонад. Дар ояндаи наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани кадом иншооти нави тавлиди неруи барқ ба нақша гирифта шудааст?
Усмоналӣ Усмонзода: Дар нақша аст, ки иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ то соли 2030 ба 10 000 МВт расонида шавад. Албатта, барои ба ин ҳадаф расидан ва ба давлати содиркунандаи неруи барқ табдил додани Тоҷикистон дар баробари сохтмони неругоҳҳои бузург ва таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷуда, ки дар як вақт зиёдшавии иқтидорҳои бударо пешбинӣ менамояд, мо бояд ба манбаъҳои алтернативии энергия, техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва ба истифодаи самараноки неруи барқ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Дар робита ба ин, барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо дар баробари бунёди НБО «Роғун», ҳамчунин бунёди неругоҳҳои барқии «Себзор», «Санобод», «Шӯроб» ва таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқии мавҷуда, аз қабили «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд» аз аҳамият холӣ нест, зеро баъди таҷдиди пурра тавоноии ин се неругоҳ нисбат ба ҳаҷми воқеии имрӯзаи онҳо дар маҷмӯъ, 840 мегаватт афзоиш хоҳад ёфт.
Сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии банақшагирифта дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон пурра бо барқ таъмин гардида, барои содироти неруи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда шавад.
Мувофиқи нақша, барои расонидани иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ ба 10000 МВт зиёд намудани иқтидори содиротии неруи барқ, мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави тавлиди неруи барқ ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обии мавҷуда, татбиқи лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи «САSA-1000», бунёди хати интиқоли барқи 500 кВ «Роғун-Сангтӯда», азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ, татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ намудани низоми автоматии идоракунӣ ва назорати неруи барқ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ, лоиҳаи барқтаъминкунии деҳаҳои дурдасти мамлакат ва дигар лоиҳаҳо пешбинӣ гардидаанд.
Сарчашма: Сомонаи расмии АМИТ “Ховар”