Санаи 6 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонали Усмонзода бо Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загерро баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Директори генералии Агентии Швейтсарияро Рут Ҳубер – Сафир, Муовини Директори Агентии рушд ва ҳамкории Швейтсария (SDC), Сардори Департаменти ҳамкорӣ бо Аврупои Шарқӣ, Маркус Сайлер – Котиби генералии Департаменти Федералии (Вазорати) корҳои хориҷӣ, Ус Шмид -Сафири фавқуллода ва мухтори Швейтсария дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони Агентии болозикр ҳамроҳи намуда буданд.
Меҳвари асосии суҳбатро масъалаҳои марбут ба соҳаҳои обу энергетика, дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва самтҳои гуногуни рушду тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд бо Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ташкил намуда, ҷонибҳо вобаста ба рафти татбиқи ислоҳоти соҳаи об, ташкил ва дар сатҳи зарӯрӣ ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ҳавзавӣ ва дар маҷмуъ татбиқи самараноки Барномаи ислоҳоти соҳаи обро матраҳ намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Вазири энергетика ва захираҳои об вобаста ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуда, татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Ҳукумати Конфдератсияи Швейтсария тавассути Котиботи давлатии Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баҳои баланд дода, ҳамчунин вобаста ба лоиҳаҳои нави азҷониби ин созмон маблағгузоришудаистода, хусусан иштирок дар ҳаммаблағгузории лоиҳаи бунёди НБО-и Себзор дар ноҳияи Рошқалъа изҳори сипос намуданд.
Дар баробари ин Вазир ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантии ҷониби Швейтсария барои маблағгузории лоиҳаҳои ҷорӣ намудани низоми билингӣ дар шаҳрҳои қисмати ҷанубӣ, шимолӣ ва марказии кишвар ҳавасмандии худро иброз намуданд.