Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тољикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад.

  1. Сармутахассиси раёсати идоракунӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об;
  2. Мутахассиси пешбари раёсати сиёсати энергетика ва захираҳои об, рушди илму техника;
  3. Мутахассиси пешбари раёсати захираҳои об;
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи умумии раёсати корҳо;
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ;
  6. Мутахассиси пешбари бахши котибот;
  7. Мутахассиси раёсати мониторинги сохтмони иншооти обӣ ва энергетикӣ;
  8. Мутахассиси раёсати электроэнергетика;
  9. Мутахассиси раёсати захираҳои об;

Ҷамъ: 9 воҳид.

Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорат (кӯчаи Шамсӣ -5/1) пешниҳод намоянд:

  • ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4, ва 4х6, 4 дона); тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки агар шахс собиқаи мењнатӣ надошта бошад);
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатии (шакли 038УЕ);
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
  • нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
  • нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро хатм намудаанд);
  • маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  • маълумотнома оиди доғи судӣ.
  • маълумотнома аз ҷои истиқомат.

 

Эзоҳ: талабот барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:

 

– сармутахассис 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  мутахассиси пешбар 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– донистани Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (англисӣ – њамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо)

Сармутахассис – 1200 сомонӣ, мутахассиси пешбар – 978 сомонӣ, мутахассис –  804 сомонӣ  муайян  гардидааст.

Довталабон маълумоти иловагиро метавонанд аз сомонаи mewr.tj ва телефони 235-97-68 гиранд.

          Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 2- юми декабр.