Дастовардхои сохаи об дар давраи истиклолият

Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи оғози пешниҳоди ташабусҳои наҷибона, ки амали рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, ба ҳисоб меравад.

Боиси ифтихор ва хушбахтии мардуми кишвари мост, ки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон тавассути кўшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чаноби олӣ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талоши мардуми меҳнатқарину шарафманд баҳри бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиву дунявӣ устуворона қадам мезанад. Мавқеи хешро дар арсаи байналмилалӣ бештар тақвим дода, дар баробари он сатҳи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳаёти фарҳангию маънавии кишварро ба сатҳи сифатан нави инкишоф мебарад.

Нарасидани оби тоза яке аз мушкилотҳои ҳазорсолаи нав мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Давоми солҳои истиклолият дар соҳаи оби кишвар барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои об, барқарор намудани инфрасохтори хоҷагии об, таъмини аҳоли бо оби нўшокӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳо дар ҳамаи соҳаҳои истифодабарии захираҳои обӣ ва ноил гаштан ба ҳалли мушкилоти молиявии соҳа як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Дар солхои 2013-2020 барои амалӣ намудани ҳадафҳои дар боло зикргардида дар маҷмуъ дар соҳаи об 37 лоиҳа бо маблағи умумии 474,6 млн. доллари ИМА татбиқ шудаанд ва шуда истодаанд.

Мушкилоти соҳаи оби кишварро ба инобат гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои саривақтӣ баҳри ҳалли ин мушкилот андешида истодааст. Ҷиҳати амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025»-ро қабул намуда, дар доираи татбиқи ин барнома дар самтҳои рушди қонунгузорӣ ва институтсионалии соҳаи об низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Корҳои асосӣ, ки дар самти рушди қонунгузорӣ ва танзими соҳаи об иҷро гардидаанд:

  • Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардида, 2 апрели соли 2020 қабул гардид;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об» дар таҳрири нав таҳия гардида, 2 январи соли 2020 қабул гардид;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов» дар таҳрири нав таҳия гардида, 19 июли соли 2019 қабул гардид;
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар самти таъмини оби нўшокӣ ва рафъи обҳои партов» таҳия гардида, 27 феврали соли 2020 қабул гардид;
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби таъсис додани фондҳои боварии таъмини оби нўшокӣ ва рафъи обҳои партов» таҳия гардида, 27 феврали соли 2020 қабул гардид;
  • лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мелиоратсия ва обёрӣ» омода гардида, айни замон дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
  • лоиҳаи Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои то соли 2030 омода гардида, айни замон дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳо қарор дорад;
  • нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои оби ҳавзаҳои дарёҳои Сир, Зарафшон, Панҷ ва Кофарниҳон омода гардидаанд.

Корҳои асосӣ, ки дар самти рушди институтсионалӣ иҷро гардидаанд:

  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2020,
    № 197 “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 149” қабул гардид. Тибқи қарори мазкур ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо ва зерсохторҳои онҳо дар минтақаҳои ҳавзавии Сир, Зарафшон, Панҷ ва Кофарниҳон таъсис дода шудаанд. Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо ва зерсохторҳои онҳо ташкилотҳои масъул оид ба масъалаҳои ташкили идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар сатҳи ҳавзаи дарё,  банақшагирии истифодаи захираҳои об дар сатҳи ҳавзаи дарё, мониторинги истифодаи об ва татбиқи нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарё ба ҳисоб мераванд;
  • дар минтақаҳои ҳавзавии Сир, Зарафшон, Панҷ ва Кофарниҳон муколамаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об таъсис дода шуда, баҳри баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳои дар соҳаи об ҷойдошта, пайваста ҷаласаҳои онҳо баргузор гардида истодаанд.

Корҳои асосӣ, ки дар самти воситаҳои кӯмакрасони ислоҳоти соҳаи об иҷро гардидаанд:

  • Консепсияи бунёди Системаи миллии иттилоотии об таҳия гардид;
  • барои бунёди қисмати марказии Системаи миллии иттилоотии об таҳҷизотҳои зарурӣ харидорӣ карда шудаанд;
  • маҳзани маълумоти Системаи миллии иттилоотии об омода гардида, барои гузаронидани корҳои тестӣ ва ворид намудани маълумотҳои дахлдор дар шабакаи иттилоотии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол карда шудааст;
  • барои автоматӣ кунонидани таҳлили маълумот дар Системаи миллии иттилоотии об методологияи рамзгузории объектҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, объектҳои оби Ҷумурии Тоҷикистон рамзгузорӣ гардидаанд.

Ҷиҳати пешбурди ташаббусҳои глобалии обии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон корҳои зерин иҷро гардиданд:

  • Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об 27-29 августи соли 2013 дар ш. Душанбе баргузор гардонида шуд;
  • Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 9-11 июни соли 2015 дар ш. Душанбе баргузор гардонида шуд;
  • Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор – “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” 9-10 августи соли 2016 дар ш. Душанбе баргузор гардонида шуд;
  • Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” 20-22 июни соли 2018 дар ш. Душанбе баргузор гардонида шуд;
  • Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Об моро муттаҳид месозад” 18 марти соли 2019 дар ш. Душанбе баргузор гардонида шуд;
  • дар намоишгоҳи Форуми 7-уми ҷаҳонии об (12-17 апрели соли 2015, шаҳрҳои Тэгу ва Кёнҷу, Ҷумҳурии Корея) гўшаи Тоҷикистон ташкил карда шуд;
  • дар намоишгоҳи Форуми 8-уми ҷаҳонии об (18-23 марти соли 2018, ш. Бразилиа, Ҷумҳурии Федеративии Бразилия) гўшаи Тоҷикистон ташкил карда шуд;
  • дар Ҳафтаи ҷаҳонии об (27 август – 1 сентябри соли 2017, ш. Стокголм, Шоҳигарии Шведсия) чорабинии мувозӣ дар мавзўи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва дар намоишгоҳи Ҳафтаи ҷаҳонии об гўшаи Тоҷикистон ташкил карда шуданд.

Баргузории чорабиниҳои болозикр ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам баланд гаштани нуфузи сиёсии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар дар сатҳи байналмилалӣ, эътирофи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну субот ва дорои имконияту захираҳои бойи обию энергетикӣ ва густариши ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо имкониятҳо фароҳам оварданд. Инчунин, татбиқи ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузориҳои нав ба соҳаҳои об ва гидроэнергетика ва бо ин тариқ ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини оби нушокӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об мусоидат намуданд.

 

Рустам Абдуллоев сармутахассиси раёсати сиёсати

энергетика ва захираҳои об, рушди илму техника

 

 Рухшона Ҷамурова мутахассиси пешбари раёсати

захираҳои об