Санаи 13 июли соли ҷорӣ дар толори махсуси нишастҳои матбуотии бинои АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуввуми соли ҷорӣ баргузор гардид.
Нишасти мазкур таҳти роҳбарии муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷ.Ш. баргузор гардида, дар он ҳамчунин муовини Вазири энергетика ва захираҳои об оид ба соҳаи нафту газ сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорат, роҳбарони зерсохтор ва муассисаҳои назди Вазорат ва ҳамчунин намояндагони расонаҳои расмӣ ва ғайрирасмии кишвар ширкат намуданд.
Муовини вазир Шоимзода Ҷамшед оид ба корҳои анҷомдодашуда аз доираи масоилу вазифаҳои дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Чумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, ки дар нимсоли аввали соли 2020 истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар 10 млрд. 243,2 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 112 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 101,1 фоиз таъмин карда шуд. Ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 ба 677,5 њазор Гкал баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба миқдори 134,7 ҳазор Гкал зиёд буда, суръати афзоиш 7,2 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқи бафурӯшбаровардашуда дар нимсолаи якуми соли 2020, 912, 4 млн. кВт. соатро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 345 млн.кВт.соат кам буда, маҷмуъ пардохти маблағи нерўи барқ аз ҷониби муштариёни дохили кишвар 1 млрд. 477 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 241,8 млн.сомонӣ зиёд мебошад.
Зимни нишаст намояндагони ВАО ба суолҳои худ ки равандҳои мухталифи соҳаҳои обу энергетика ва нафту газро дар бар мегирифт, аз қабили таъминоти оби нушоки ва неруи барқ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, таъмиру азнавсозии иншоотҳои энергетикӣ, аз ҷумла НБО-и Норак ва НБО-и Қайроққум, беҳтарсозии низоми энергетикии кишвар, истеҳсол, интиқол ва таъминоти маҳсулоти нафтӣ, содироти неруи барқ, рафти татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000, чораҳои ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, чораҳо оид ба мустаҳкамнамои ва рафти татбиқи ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони расонаҳои хабарии кишвар барои иштироки фаъолонаашон изҳори миннатдорӣ намуда, саҳми онҳоро дар иттиоотонии аҳолӣ ҷиҳати сарфакорона ва самаранок истифода намудани неруи барқ муҳим арзёбӣ намуд.