Санаи 17 июли соли 2020 бо ибтикори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Вазорат ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба оби нўшокӣ ва рафъи обҳои партов баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур, ин муайян ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳти таҳия намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нўшокӣ ва рафъи обҳои партов” бар меоянд, ба ҳисоб мерафт.
Дар рафти ҷаласа баъд аз баррасии руйхати санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки бояд тибқи муқаррароти қонуни номбурда таҳия гарданд, аз ҷониби иштирокчиён ҷаласа 3 лоиҳаи санади меъёрию ҳуқуқии муқим интихоб гардида, тавсия дода шуд, ки онҳо то охири соли ҷорӣ таҳия карда шаванд.
Дар кори ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравии болозикр намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, шарикони рушд ва дигарон иштирок намуданд.