Озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бастаи вазифавии кормандони раёсати захираҳои оби минтақаи Вахш барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон мекунад.

 

Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Вахш

(шаҳри Бохтар)

  1. Сардори раёсат – 1 ҷой;
  2. Муовини сардори раёсат –1 ҷой;
  3. Сармутахассис оид ба танзимдарории истифодаи об – 1 ҷой;
  4. Сармутахассис оид ба мониторинг ва баҳисобгирии давлатии истифодаи об – 1 ҷой;
  5. Сармутахассис оид ба банақшагирии ҳавзавӣ ва робита бо
    ҷамъият – 1 ҷой;
  6. Мутахассиси пешбар оид ба системаҳои иттилоотӣ – 1 ҷой;
  7. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои молиявӣ – 1 ҷой;
  8. Мутахассис оид ба масъалаҳои кадрӣ – 1 ҷой.

      Шуъбаи зерҳавзавии Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Вахш

(ноҳияи Рашт)

  1. Сардори шуъба – 1 ҷой;
  2. Сармутахассис оид ба танзимдарории истифодаи об – 1 ҷой;
  3. Мутахассиси пешбар оид ба мониторинг ва баҳисобгирии давлатии истифодаи об – 1 ҷой;
  4. Мутахассис оид ба банақшагирии ҳавзавӣ ва робита бо
    ҷамъият – 1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– тањҳилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури давлатиро таъмин карда метавонад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:  

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4, ва 4х6, 4 дона);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли №038УЕ);

– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати харбиро адо намудаанд);

– маълумотнома оид ба доғи судӣ;

– маълумотнома аз ҷои истиқомат.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати 10 рўз, яъне то 31.08.2020 соати 17.00 дар шакли хаттӣ  ва электронӣ тариқи почтаи электронии kadrvazorat@mail.ru қабул карда мешаванд.

Суроға: ш.Душанбе, кўчаи Шамсӣ 5/1, тел.235-97-68.

Шахси масъул: Халилова Гулдаста

 

Эзоҳ: Мансабҳои дарҷгардида ба мансабҳои хизмати давлатӣ дохил намешаванд.