Санаи 18 сентябри соли 2020 бо ибтикори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Вазорат ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур, ин баррасии корҳои анҷомдодашуда оид ба татбиқи бандҳои 17 ва 18 Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” вобаста ба таҳия намудани зерсанадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию танзимии бахши оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ба ҳисоб мерафт.
Дар рафти ҷаласа лоиҳаҳои зерсанадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию танзимии бахши оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, аз ҷумла “Дар бораи тартиби бо фосила ба роҳ мондан, маҳдуд сохтан, боз доштан ё қатъ намудани додани оби нӯшокӣ”, “Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ва вазифаҳои он” ва “Дар бораи тартиби назорати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов”, ки дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов”таҳия шудаанд, инчунин пешниҳодҳо оид ба такмили низоми андозбандӣ дар соҳаи оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов баррасӣ гардиданд.
Дар кори ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравии болозикр намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, шарикони рушд ва дигарон иштирок намуданд.