КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Фармони Президенти ҶТ аз 11.08.2017 № 916)

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кодекс) маҷмўи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ўро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошанд, танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Муқаррароти Кодекси мазкур нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии низоми хизмати давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ишғол менамоянд, татбиқ мегардад.
  2. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизмати давлатӣ дохил мешавад, ба Кодекси мазкур шинос шуда, вазифадор аст талаботи онро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматӣ риоя намояд.

*Эзоҳ: Рафтори хизматӣ – рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ, ки ҳангоми ба кор омадан, аз кор рафтан, иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ, иштирок дар маҷлису машваратҳо, сафарҳои хизматӣ ва дигар чорабиниҳои давлатӣ зоҳир мегардад.

**Эзоҳ: Рафтори ғайрихизматӣ – рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ, ки ба иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ иртибот надошта, берун аз ҷои кор дар ҷомеа зоҳир мегардад…..

Шарҳи бештар дар Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон