Вазорат ба иттилоъ мерасонад, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба базе намудҳои фаъолият» ва Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 №172 тасдиқ гардидааст, барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас, бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ новобаста аз шакли моликияташон дар ҳудуди ҷумҳурӣ иҷозатнома дода мешавад.
Намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда дар комплекси энергетикӣ
Мутобиқи боби 26-и Низомномаи мазкур, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷозатномадиҳанда ба фаъолиятҳои зерин иҷозатнома медиҳад:
– фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, истихроҷи нафт, газ ва истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ;
– фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини этиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
– фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини этиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
– фаъолият оид ба истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини этиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад).
Ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои гирифтани иҷозатнома
Мутобиқи боби 7 ва 26 Низомномаи мазкур, довталаб барои гирифтани иҷозатнома хуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
– ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:
барои шахси ҳуқуқӣ – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва номи бонк;
барои соҳибкори инфиродӣ – насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;
– намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро доранд ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад;
барои шахси ҳуқуқӣ – нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ;
барои соҳибкори инфиродӣ – нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
– нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;
– ҳуҷҷате, ки пардохти хаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;
– маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома;
– рӯзи додани ариза ва имзои довталаб.
Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома
– номгӯи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, ки дар асоси онҳо намудҳои фаъолият иҷро карда мешаванд;
– вобаста ба намуди фаъолияти пешбинишуда хулосаи мусбии мақомоти назорати давлатии энергетикӣ,
– маълумот дар бораи базаи истеҳсолӣ-техникӣ.
Хироҷ барои баррасӣ, додани иҷозатнома ва азнавбарасмиятдарорӣ
Мутобиқи боби 6 Низомнома барои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда баррасӣ гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” нишон дода шудаанд, ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисоботҳо хироҷ ситонида мешавад. Барои баррасӣ гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисоботҳо хироҷ ситонида мешавад. Ин маблағҳо баргардонида намешаванд.
Барои додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисоботҳо хироҷ ситонида мешавад. Хироҷи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” пешбинӣ шудаанд, дар фасли Ш қисми махсуси ин Низомнома муайян карда мешаванд.
Дар сурати аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисоботҳо хироҷ ситонида мешавад.
Барои дароз намудани амали иҷозатнома ба ҳамон мӯҳлате, ки иҷозатнома дода шудааст, маблаҷ баробар ба хироҷи додани иҷозатнома ситонида мешава
Тибқи банди 19 боби 59 Низомномаи мазкур андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳӣ барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии сарвати зери замин пардохти яккаратаи муқаррарӣ буда, дар ҳаҷми зерин пардохта мешавад:
– вобаста ба истихроҷи нафту газ сад нишондиҳанда барои ҳисоботҳо;
Эзоҳ: Барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати иҷрои фаъолияте, ки якчанд намуди корро дар бар мегирад, танҳо маблаҷи ҳадди баландтар ситонида мешавад.
Иҷозатномадор уҳдадор аст, ки дар муҳлати то 1 сол аз рӯзи бақайдгирии иҷозатнома фаъолияти худро оғоз намояд.
Фаъолияти иҷозатномашаванда доир ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ оид ба истихроҷи нафту газ ва ҳуҷҷатҳои лозими барои гирифтани иҷозатнома
Тибқи банди 3 боби 59 Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақомоти иҷроияи иҷозатномадиханда- Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи нафту газ).
Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома вобаста ба истифодабарии сарватҳои зери замин:
– розигии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ;
– маълумотнома оид ба имкониятҳои молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва ҳайати кадрҳо, ба ғайр аз заршӯёни худфаъол ва худбиёр;
– маълумотнома оид ба нишондодҳои техникию иқтисодии фаъолият дар 5 соли охир, ба ғайр аз маротибаи аввал ба истифодаи каъри замин гирифтани иҷозатнома ва заршуёни худфаъол ва худбиёр;
– маълумотнома оид ба омӯзиши геологии қитъаи иҷозатномашавандаи қаъри замин;
– нақшаи тиҷоратӣ оид ба истифодабарии қаъри замини иҷозатномашаванда, ба ғайр аз заршӯёни худфаъол ва худбиёр;
– хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ.
Барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1 бо телефони 235-98-51 муроҷиат намоед.
Ҳамзамон, бастаи ҳуҷҷатҳои болозикр дар бораи дастрас намудани иҷозатномаи фаъолият дар комплекси энергетикӣ тавассути почтаи электронии mewr@mewr.tj низ қабул карда мешавад.