Бо мақсади риояи муқаррароти супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №24/10-120 аз 17.03.2017, бобати натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа, шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои энергетикӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, рафти корҳои омодагӣ вобаста ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа ва иштирок дар Ситоди вилоятӣ вобаста ба омодагӣ ба мавсими сармои дарпешистода Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои об санаҳои 20-22-юми ноябри соли равон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафари корӣ Вазир аз муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, Маркази саломатии ноҳия ва муассисањои таълимии ноҳия боздид ба амал оварда, аз вазъияти омодагии онҳо ба мавсими сармо шинос ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масьулини ноҳия тавсияњои мушаххас ироа намуд. Қайд карда шуд, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ва маориф таҳти назорати бевоситаи Ҳукумати кишвар қарор дода шудааст.
Маврид ба қайд аст, ки дар робита ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018, №АП-1059 Нақша-чорабинии корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа, ки иборат аз 151 банди асосӣ ба маблағи 48 млн. 227,9 ҳазор сомонӣ, замимаи 1 бо 18 банд ва замимаи 2 бо 2 банд бо арзиши 370 млн. 907 ҳазор сомонӣ таҳия гардида, бо Ҳукумати ВМКБ, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ҳукумати ноҳияи Роштқалъа мувофиқа ва тасдиқ карда шудааст ва корҳо дар доираи он бомаром идома доранд. Дар маҷмӯъ 171 банд бо арзиши умумии 419 млн. 499,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон иҷрои онњо маблағи 62 млн. 942,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 20-уми ноябри соли 2020 иншоотҳои зерин, аз ҷумла сохтмони хатти оби нӯшокии деҳаи Хидорҷеви ҷамоати деҳоти Қ. Гадолиев ба маблағи 280.0 ҳазор сомонӣ, сохтмони хатти оби нӯшокии деҳаи Бартавдеми ҷамоати деҳоти Қ.Гадолиев, сохтмони хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Ризеви ҷамоати деҳоти Тусиён ба маблағи 280.0 ҳазор сомонӣ, сохтмони коргоҳи дузандагии маркази ноҳия бо маблағи 5981,2 њазор сомонӣ, сохтмони бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Барвоз бо маблағи 2920,0 ҳазор сомонӣ, майдончаи варзишӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №31-и деҳаи Занудҷ бо маблағи 80,0 ҳазор сомонӣ, муассисаи таҳсилоти умумии №37 деҳаи Юбени ҷамоати деҳоти Сежд бо маблағи 580,0 ҳазор сомонӣ ва Наврузгоҳи деҳаи Шошбувади ҷамоати деҳоти Сежд ба маблағи 120,0 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуда, ҳангоми сафари кории Вазири энергетика ва захираҳои об дар якҷоягӣ бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Роштқалъа, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни сафари корӣ Вазири энергетика ва захираҳои об њамчунин вобаста ба масъалаҳои марбут ба иљрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» таваљчўњ зоњир намуд. Маълум гардид, ки маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа баҳри амалӣ намудани қарори мазкур бо истифода аз захираю имкониятњои мавҷуда тадбирҳои судманди заруриро роњандозӣ намудааст. Аз ҷумла, барои эҳтиёҷоти сокинони ноҳия барои зимистонгузаронии солҳои 2020-2021 маводҳои асосии зерини ғизоӣ, аз қабили орд – 2462 тонна, равған – 115,1 тонна, биринҷ – 86,1 тонна, шакар – 144,75 тонна, макарон – 32 тонна, марҷумак – 15 тонна, нахуд – 13 тонна, чой – 9,4 тонна, намак – 9,2 тонна, гӯшт – 273,1 тонна, шир – 771 тонна, тухм – 3,6 њазор дона, картошка – 19,6 тонна, сабзавот – 450,9 тонна ва пиёз 450,9 тонна захира карда шудааст.
Айни замон, дар ноҳия 806,9 тонна ангиштсанг, 8261м3 ҳезум, 25 адад генератор, 197 адад гармкунакҳои барқӣ ва 587 адад бухориҳои аловӣ мавҷуд буда, дар ҳудуди ноҳия аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 4 адад нуқтаи мавсимии фурӯши ангишт ташкил карда шуда, 11 тонна ангишт рӯзҳои наздик барои фурӯш пешкаши аҳолӣ мегардад.
Барои зимистонгузаронии солҳои 2020 – 2021 аз ҳисоби буҷет ба муассисаҳои буҷетӣ барои таъмин бо гармӣ 1 186 115 сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст, ки аз ин барои соҳаи маориф 93 646,3 сомонӣ, тандурустӣ 142,9 њазор сомонӣ, муассисаҳои фарҳангӣ 68,3 ҳазор сомонӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 38,4 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Барои пардохти хароҷоти истифодаи нерӯи барқ дар муассисаҳои буҷетии ноҳия 470,8 њазор сомонӣ, барои соҳаи маориф – 134,4 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ – 231,8 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои фарҳангӣ – 19,7 ҳазор сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – 70,0 ҳазор сомонӣ, мудофиа – 9,4 ҳазор сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ – 1,5 ҳазор сомонӣ ва соҳаи кишоварзӣ – 4,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ба ҳолати ҳозира дар ҳҷми 307,7 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, аз он ҷумла ба соҳаи маориф – 789,7 њазор сомонӣ, тандурустӣ – 137,2 ҳазор сомонӣ, мудофиа – 4,43 ҳазор сомонӣ, соҳаи кишоварзӣ – 2,1 ҳазор сомонӣ, фарҳанг – 19,7 ҳазор сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – 64,2 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ – 1,2 ҳазор сомонӣ маблағ таъмин карда шудааст.
Тибқи дархости муассисаҳои таълимӣ эҳтиёҷот ба ангишт 681,4 тонна ангишт пешбинӣ гардида, аз сабаби баланд гардидани нарх айни замон танҳо 597 тонна ангишт ва 704,6 м3 ҳезум захира карда шудааст. Дар соҳаи фарҳанг 32 тонна ангишт ва 94 м3 ҳезум, дар соҳаи тандурустӣ 84,5 тонна ангишт ва 114,9м3 ҳезум захира карда шудааст.
Айни замон, дар маҷмуъ дар соҳаи маориф 11 генератор, 123 гармкунаки барқӣ, 489 печкаҳои аловӣ, дар соҳаи тандурустӣ 14 генератор, 69 гармкунакҳои барқӣ, 47 печкаҳои аловӣ, дар соҳаи фарҳанг 37 гармкунаки барқӣ, 51 печкаҳои аловӣ ва дар дигар ташкилоту идораҳои буҷетии ноҳия 37 печкаҳои аловӣ мавҷуд мебошанд.
Ҳамчунин, бо мақсади дар ҳолати бехатарӣ нигоҳ доштани роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди ноҳия дар мавсим 71 ҳазор сомонӣ маблағ барои хариди сӯзишворӣ, маводи зидди лағжиш, 6,2 тонна сӯзишвории дизелӣ, 2 тонна ангишт, 4 м3 ҳезум ва 0,5 тонна бензин ҷудо карда шуда, маводи зикргардида харидорӣ ва захира карда шудааст. Дар тавозуни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 11 адад механизмҳо ва таҷҳизотҳои роҳсозӣ ва нақлиёти автомобилгард барои зимистонгузаронӣ мавҷуд буда, 8 адади онҳо айни ҳол омодаи кор мебошанд.
Маҷмуъ, дар ноҳияи Роштқалъа дар ҳамбастагӣбо роҳбарият, сокинон ва фаъолони ноҳия њаматарафа кӯшиш ба харҷ дода шуда истодааст, ки 30-солагии љашни Истиқлолияти кишвари азизамон ба сарбаланди истиқбол гирифта шавад.
Вазорати энергетика ва захирањои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои минбаъдаи муқаррароти Нақша-чорабинии корҳои ободонию бунёдкорӣ доир ба таҷлили 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, баҳри тадриҷан амалишавии онҳо, ки дар маҷмуъ барои боз ҳам ободу зебо гардидани ин гӯшаи Ватани маҳбуб ва боз ҳам боло рафтани сатҳи зиндагии сокинон саҳмгузор хоҳад буд, минбаъд низ кӯшиш хоҳад намуд.