Санаи 27 ноябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба оби нӯшокӣ ва рафъи обњои партов баргузор гардид
Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур ин баррасии корҳои анҷомдодашуда оид ба татбиқи бандҳои 8, 17 ва 18 Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” вобаста ба таҳия намудани Барномаи давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов то соли 2030 ва зерсанадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию танзимии бахши оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, инчунин нақшаҳои шарикони рушд вобаста ба маблағгузорӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов то соли 2030 ба ҳисоб рафта, ҳолати зерсанадҳои таҳияшуда дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” ва нақшаҳои шарикони рушд вобаста ба маблағгузорӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қадамҳои минбаъда вобаста ба таҳияи лоиҳаи Барномаи давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов то соли 2030 ва санадҳои зерқонунии соҳаи оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов муайян гардиданд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва шарикони рушд иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои болозикр изҳори андеша намуданд.