Санаи 1-уми феврали соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роњбарият, кулли масъулини Вазорат, нињодњои зертобеъ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз чумла шабакаҳои телевизионии “Ҷањоннамо”, “Душанбе”, АМИТ “Ховар”, агентиҳои иттилоотии “Авеста”, “Азия Плюс”, “Интерфакс”, “Рейтер”, “Спутник Тоҷикистон”, рўзномаҳои “Минбари халқ”, “Халқ овози”, “Садои мардум”, “Ҷумҳурият”, “Паёми Душанбе”, “Народная газета”, “Фараж”, радиоҳои “Садои Душанбе”, “Тоҷикистон”, “Ховар”, “Озоди”, “Овози тоҷик”, “Радиои бурунмарзӣ”, маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” ва дигарон нишасти матбуотӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор гардид. Дар оғози нишаст ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар соли сипаригардидаи 2020 шарҳи матбуотии мухтасари қаблан омодашуда, пешниҳод карда шуд.
Сипас, рӯзноманигорон ба саволҳои худ, ки бештар ба мавзӯи таъмини нерўи барқ, масъалаҳои марбут ба ҷорӣ намудани низоми назорат ва ҳисоби нерӯи барқ, раванди масъалаҳои алоқаманд ба об дар миқёси минтақа ва ҳалли мушкилоти он, рафти корҳо дар соҳаи истихроҷи нафту газ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои соҳа алоқамандӣ буданд, аз ҷониби роҳбарият, масъулини Вазорат ва ниҳодҳои зертобеъ посухҳои қаноатбахш, асоснок ва муфассал гирифтанд.
Дар охири нишасти матбуотӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои иштироки фаъолонаашон изҳори миннатдорӣ намуда, дархост барои гузаронидани чорабинии иттилоотӣ аҳолӣ ҷиҳати сарфакорона ва самаранок истифода намудани неруи барқ ба амл овард.