ШАРҲИ МАТБУОТӢ

«Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000» ва «CASA-1000 – лоиҳаи дастгирии ҷомеа»

1 «Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерўи барқи CASA-1000»

Дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA – 1000 дар ҳудуди кишварҳои аъзои лоиҳа, бунёди иншооти зерин пешбинӣ гардидааст:

– сохтмони хати интиқоли барқи ҷараёни тағйирёбандаи 500 кВ “Датка-Суғд 500” бо дарозии 477 км (аз ин, 28 км хати интиқоли барқ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва васеъсозии зеристгоҳи барқии “Суғд-500” ;

–  сохтмони хати интиқоли барқи ҷараёни тағйирёбандаи 500 кВ “Регар – Сангтўда” бо дарозии 115 км ва васеъсозии зеристгоҳи барқии “Регар-500”;

– сохтмони зеристгоҳи конверторӣ дар минтақаи Сангтўдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори 1300 МВт (табдили ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ) ва сохтмони зеристгоҳ бо иқтидори 1300 МВт дар мавзеи Новшераи Ҷумҳурии Исломии Покистон (табдили ҷараёни доимӣ ба ҷараёни тағйирёбанда);

– сохтмони хати интиқоли барқи Сангтӯда – Новшераи Покистон бо дарозии зиёда аз 750 км (дар ҳудуди Тоҷикистон 117 км).

Дар маҷмуъ, мувофиқи  асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа, арзиши умумии он 1086 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тибқи асосноккунии техникқ-иқтисодӣ барои татбиқи қисмати тоҷикистонии лоиҳа 314 млн. доллари ИМА маблағ лозим буда, дар марҳилаи кунунӣ аз ҷониби Бонки Умумиҷањонӣ, Бонки Исломии Рушд,  Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шуда, созишномаҳои молиявӣ ба имзо расонида шудаанд.

Инчунин, аз ҷониби Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Вазорати рушди байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) низ пешниҳоди маблағҳои грантӣ барои иштирок дар ҳаммаблағгузории лоиҳа дар назар аст.

То имрўз маҷмӯи масъалаҳо ва расмиётҳои молиявӣ, ҳуқуқӣ ва техникӣ байни кишварҳои аъзои лоиҳа пурра мувофиқа ва танзим карда шудааст.

Ҳамчунин, дар самти бунёди инфрасохтори зарурии қисмати тоҷикистонии лоиҳа, то ин муддат, як қатор шартномаҳо, аз ҷумла:

– моҳи октябри соли 2016 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ташкилоти ҷамъиятии фонди ҷумњуриявии «Кӯҳистон» ҷињати гузаронидани баҳодиҳии экологии лоиҳа ва нақшаи муҳоҷират дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон;

– санаи 23 апрели соли 2020 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ташкилоти ҷамъиятии фонди ҷумњуриявии «Кӯҳистон» ҷиҳати омодасозии нақшаи муҳољират дар ҳудуди Ҷумњурии Тоҷикистон;

– санаи 19 августи соли 2016 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати Monenco Iran Consulting Engineers (Эрон) доир ба назорат ва ҳамоҳангсозии иншооти ҷараёни тағйирёбандаи лоиҳа;

– санаи 20 сентябри соли 2018 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати CESI (Итолиё) доир ба назорат ва њамоњангсозии иншооти ҷараёни доимии лоиҳа;

– санаи 26 майи соли 2018 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати Kalpataru Power Transmission Ltd (Ҳиндустон) вобаста ба қисмати TW-04: «Сохтмони хати интиқоли барқи ҷараёни доимии 500 кВ», «Сохтмони хати электродии 66 кВ» ва «Сохтмони ХИБ-220 кВ аз НБО-и Сангтӯда-1 то зеристгоҳи  конверторӣ»;

– санаи 21 сентябри соли 2018 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати Kalpataru Power Transmission Ltd  вобаста ба «Сохтмони хатҳои интиқоли барқи ҷараёни тағйирёбандаи 500 кВ дар ҳудуди Ҷумњурии Тоҷикистон»;

– санаи 21 сентябри соли 2018 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати муштараки «ABB AB/Cobra» (Шведсия-Испания) вобаста ба «Сохтмони зеристгоњи конверторӣ бо иќтидори 1300 МВт ва зеристгоњи  электродӣ» ба имзо расонида шуд.

Ҷињати назорати раванди татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA-1000 дар назди Вазорат  бо ҷалби  намояндагони ШСХК «Барқи Тоҷик», МД «МИЛБЭ», пудратчиёни лоиҳа ва ширкатҳои машваратӣ, Ситоди доимоамалкунанда созмон дода шудааст.

Айни замон, корњои сохтмонӣ дар зеристгоҳи конверторӣ аз ҷониби ширкати муштараки «ABB AB/Cobra» корҳои бетонӣ барои таҳкурсиҳои бинои теристории табдилдиҳанда, бинои идоракунӣ, равоқпояҳои 500 кВ ва таҷњизотҳои барқии 500 кВ ва 220 кВ идома дошта, реакторҳои шунтӣ, конструксияҳои металлӣ, болтҳои анкерӣ ва қубурҳои заҳкашӣ (дренаж) аз хориҷи кишвар ба мавзеи сохтмонӣ ворид карда шуданд.

Аз ҷониби ширкати пудратии «Kalpataru-Power Transmission Limited»-и Ҳиндустон наќшаи роҳрави хатҳои интиқоли барқи 500кВ ҷараёни тағйирёбанда ва доимӣ  омода гардида, бо ҷониби фармоишгар мувофиқа гардидааст. Айни замон, корњои тадқиќотӣ-геологӣ дар хатҳои интиқоли барқи – 500 кВ ҷараёни тағйирёбанда ва доимӣ ба анљом расонида шудаанд.

Аз ҷониби ширкати пудратии «Kalpataru-Power Transmission Limited» дар доираи ќисмати «Сохтмони хати интиқоли барқи ҷараёни доимӣ» яке аз қисматњои асосии пояҳои фосилавии 500 кВ, ноқилҳои заминвасла, ноқилҳои навъи ACSR Cardinal ва ACSR Zebra бо дарозии 968 км ва дар доираи қисмати «Сохтмони хатњои интиќоли барқи ҷараёни тағйирёбандаи 500 кВ дар ҳудуди Ҷумњурии Тоҷикистон» оиқҳо ворид гардидаанд.

Ҳамзамон, маљмуи масъалаҳои экологии лоиҳа таҳия ва бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқа гардидаанд.

Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ харидории ноқилҳои барқии навъи ACSR Cardinal ва ACSR Zebra дар ҳаҷми 968км ва ACSR Pheasant  бо дарозии 1780 км аз корхонаи ватании ҶДММ «Ноқили Талко» ба роҳ монда шуд.

«CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа»

Лоиҳаи дастгирии ҷомеа дар доираи ташаббусњои «Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000» дар ҳудуди ҳамаи кишварҳои аъзои лоиҳа (Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон) пешбинӣ гардида, қисмати тоҷикистонии он аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Умумиҷаҳонӣ (24 млн. доллари ИМА) ва Фонди мақсадноки донорҳо (2,0 млн. доллари ИМА) дар њаљми 26 млн доллари ИМА маблағгузорӣ хоҳад гардид.

Лоиҳа дар тамоми ҷамоаҳои  дар ҳудуди долони фарогири лоиҳаи CASA-1000 (1,5 километр аз њар ду ҷониб) ҷойгир буда (22 ҷамоат иборат аз 65 деҳа), аз ҷумла дар ҳудуди шарҳои Турсунзода, Ҳисор, Левакант ва ноҳияҳои Спитамен, Љаббор Расулов, Шањринав, Рўдакӣ, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кушониён, Вахш, Чалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Данғара ва ҳамчунин деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара (2 ҷамоат иборат аз 50 деҳа) татбиқ карда мешавад. Лоиҳа аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

Қисмати-1: Беҳдошти таъминоти нерӯи барқ дар маҳалҳо ба маблағи 10,0 млн. доллари ИМА – қисмати мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» татбиқ мегардад. Дар доираи ин ќисмат сохтмон ва таљдиду азнавсозии шабакањои барќї дар дењањое, ки дар долони гузариши хати интиќоли барќи CASA-1000 ҷойгиранд, пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар доираи қисмати мазкур сохтмони 1 адад зеристгоњи 110/10 кВ дар шаҳри Исфара ва баланд бардоштани сифат ва вусъат бахшидани дастрасӣ ба хизматрасониҳои таъминоти барқ дар деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара (ҷамоатҳои Ворух ва Чоркуҳ), пешбинӣ гардидааст.

Қисмати-2: Сармоягузорӣ ба инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоии ҷамоаҳо ба маблағи 12,0 млн. доллари ИМА – қисмати мазкур аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон татбиқ мегардад. Дар доираи қисмати мазкур корҳо ҷиҳати барқарорсозии системаи обёрӣ, обтаъминкунӣ ва санитария, сохтмони роҳҳо, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳо бо иваз намудани болопўши бомҳо, сохтмони боғчаҳои кӯдакона, бунгоҳҳои тиббӣ ва васеъсозии инфрасохторҳои иқтисодӣ ба мисли таваққуфгоҳҳо ва хизматрасониҳои техникӣ дар деҳаҳое, ки дар долони гузариши хати интиқоли барќи CASA-1000 љойгиранд, пешбинӣ гардидааст.

Қисмати-3: Сафарбаркунии ҷамоаҳо, баланд бардоштани иқтидор ва идоракунии маҳаллӣ ба маблағи 2,5 млн. доллари ИМА – қисмати мазкур аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон татбиқ мегардад. Дар доираи ин қисмат диққати махсус ба масъалаҳои занону ҷавонон дода шуда, инчунин, омӯзиш ва пурзӯр намудани иқтидори ҷамоатҳо (дар самти банақшагирии рушди маҳал, идоракунии молиявӣ, ҳалли низоъҳо, муколама ва идоракуниҳо) пешбинӣ гардидааст.

Қисмати-4: Идоракунии лоиҳа, мониторинг, арзёбӣ ва алоқа (коммуникатсия) ба маблағи 1,5 млн. доллари ИМА – қисмати мазкур аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон татбиқ мегардад. Дар доираи он, идоракунии лоиҳа аз ҷумла, идоракунии молиявӣ, харид, ҳалли шикоятҳо, дастгирӣ дар самти робита бо ҷамоаҳо, мониторинг ва арзёбии барнома ба роҳ монда хоҳад шуд.