2 марти соли 2021 дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии маҷозии Вазир – муҳтарам Далер Ҷумъа бо Роҳбари навтаъиншудаи Намояндагии доимии Бонки Рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Шенни Кэмпбелл баргузор гардид.
Вазири энергетика ва захирањои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шенни Кэмпбеллро ба муносибати таъин гардиданаш ба вазифаи Роҳбари Намояндагии доимии Бонки Рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар татбиқи бомуваффақияти барномаҳо ва лоиҳаҳои Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффаќиятњо орзу намуд.
Дар ҷараёни мулоқот як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла раванди ислоҳоти соҳаи энергетика, ҷорӣ намудани инфрасохтори пешрафтаи биллингӣ, васеъ намудани иқтидорҳои тавлиди барқи нерӯгоҳҳои мавҷуда, барқарор кардани робитаҳои энергетикӣ бо кишварҳои минтақа, афзоиши ҳаҷми содироти нерӯи барқ ва ҳамчунин масъалаҳои дигари судманди мутақобила мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маврид ба қайд аст, ки айни замон аз ҷонби Бонки Рушди Осиё 3 лоиҳа, аз қабили “Барқарорсозии нерўгоҳи барқии обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт”, “Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ”, “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ”мавриди татбиқ ќарор доранд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои дастгирӣ намудани ин масъалаҳо изҳори омодагӣ намуда, инчунин мақсад гузоштанд, ки ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро дар соҳаҳои баррасишаванда вусъат мебахшанд. Дар маҷмуъ, вохўрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.