Таҷлили Рӯзи Модар дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 марти соли 2021 дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ба муносибати Рӯзи модар бо иштироки кулли кормандон ҷаласаи ҷашнӣ баргузор гардид. Дар суханронии табрикии худ Далер Ҷумъа – вазири энергетика ва захираҳои об бонувони Вазорат ва дар шахси онҳо тамоми модарону хоҳарон ва бонувони Ватани маҳбубро ба ифтихори Рўзи Модар табрик намуда, қайд намуданд, ки имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, ҳамчунин, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад.

Зимни љаласаи тантанавї њамчунин қайд гардид, ки маҳз бо кӯшишу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муштарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон нуфуз, қадр ва манзалати Зан – Модар дар ҷомеаи ободу озодамон торафт афзун гардида истодааст, ки ин бешубҳа гувоњи равшани қадрдонии роҳбарияти олии кишвар нибат ба Зан-Модар мебошад. Ва хурсандиовар аст, ки дар ин раванд як қатор дастуру супоришҳои Ҳукумат низ ба тасвиб расидааст, ки афзоиш додани теъдоди бонувонро дар мансабҳои хизмати давлатїбба танзим медарорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ вазири энергетика ва захираҳои об изҳори умедворї намуд, ки бонувони кишвар, аз ҷумла бонувони Вазорат тамоми саъю кўшиши худро минбаъд низ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии кишвар равона хоҳанд кард.