6 марти соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир – муҳтарам Далер Ҷумъа бо барномасозони соҳибтахассус ва шахсони масъули ҶСК “ Шабакаҳои тақсимоти барқ” баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба масъалањои ҷорї намудани низоми билингӣ барои ҳисоби дурусти тақсимоти неруи барқ, беҳтар намудани сатҳи ҷамъоварии маблағи ҳаққи истифодаи неруи барқ ва коҳиш додани сатҳи талафоти он баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор гирифт.