Маросими расмии ифтитоҳи зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Саноатӣ» дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе, муовини Сарвазири кишвар, Вазири энергетика ва захираҳои об, намояндагони сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Бояд иброз дошт ки, корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Саноатӣ» солҳои 70-ум оғоз гардид. Айни замон иқтидори зеристгоҳи мазкур аз 66 МВА ба 96 МВА ё худ 30 МВА баланд бардошта шуд, ки дар натиҷа, 47-адад чашмакҳои содиротии зеристгоҳи барқии мазкур 18 482 муштариёнро бо нерӯи барқ таъмин менамояд.
Маврид ба қайд аст, ки лоиҳаи «Беҳсозии ҳолати зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» бо мақсади беҳ намудани сатҳи таъминоти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе нигаронида шуда, он бо маблағгузории грантии Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналхалқӣ татбиқ гардидааст.
Тибқи таҳқиқотҳои омодагардида, арзиши лоиҳа 20,0 млн. доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзёбӣ гардида, дар доираи он сохтмони 1 адад зеристгоҳи барқии нави 110/35/10 кВ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (дар шафати Амфитеатр) бо насби ду адад трансформатори 40 МВА ва таҷдиди зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Саноатӣ» тавассути иваз намудани ду адад трансформатори 25 МВА ба трансформаторҳои 40 МВА ва пурра иваз намудани ҷашмакҳои барқии 35 ва 10 кВ роҳандозӣ карда шуд.
Корҳои сохтмонии лоиҳа аз ҷониби ширкати ватании ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ба роҳ монда шуд.
Маврид ба қайд аст, ки дар ҷараёни соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ иқдоми бузурги созандагӣ пеш гирифта шуд, ки дар доираи он бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат нерӯгоҳҳои хурду бузург бунёду навсозӣ гардида, зеристгоҳҳои барқӣ низ аз нав таҷдиду барқарорсозӣ шуданд, ки сифати таъминоти нерӯи барқ ба аҳолӣ боз беҳтару хубтар гардид