Ҷаласаи Мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16 апрели соли 2021 ҷаласаи Мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар семоҳаи якуми соли 2021ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021 баргузор гардид.

Ҷаласаи мушовара таҳти раисии муҳтарам Ҷумъа Далер – Вазири энергетика ва захираҳои об баргузор гардид. Дар ҷаласа масъулини дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои зертобеъ ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи ниҳоӣ дар бораи фаъолияти корхонаҳо ва муассисаҳои соҳаҳои энергетика, об ва нафту газ дар семоҳаи аввали соли 2021 шунида шуд.

Дар охири маҷлис Вазири энергетика ва захираҳои об  Ҷумъа Далер ба масъулини соҳа  барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои супоришҳои мушаххас дода, зери назорат қарор додани як қатор масъалаҳоро таъкид намуд.