Вохурии муҳтарам Далер Ҷумъа бо ширкати “Andritz Hydro”

18 майи соли 2021 дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир — муҳтарам Далер Ҷумъа бо ҳайати намояндагони ширкати “Andritz Hydro” вобаста ба баррасии рафти татбиқи Лоиҳаи таҷдиди “НБО Норак” баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба Лоиҳаи мазкур, хусусан рафти татбиқ, мушкилоти бамиёномада, вазъи кунунии иҷроиши корҳои сохтмонӣ, корҳои таҷдиду барқарорсозӣ, таҳвил ва насби таҷҳизотҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо мақсад гузоштанд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самтҳои баррасишаванда минбаъд низ вусъат мебахшанд. Дар маҷмуъ, вохўрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.