17 майи соли 2021 Вазири энергетика в захираҳои об ҷаноби Далер Ҷумъа Шофақир намояндагони Украинаро бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ ҷаноби Енин Евгений Владимирович ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот инчунин сафирони ҳар ду давлат, намояндагони раёсати соҳави Вазоратҳо энергетика ва захираҳои об ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика диққати махсус дода шуд. Ҳайати Украина робитаҳое, ки дар тули солҳои ҳамкорӣ дар ин соҳаи стратегӣ ташаккул ёфтаанд, таъкид намуда, омодагии худро барои идома додани амиқи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминот ва хидматрасонии марбут ба насби инфрасохтори энергетикӣ иброз дошт.
Мулоқот дар руҳияи ҳамдигар фаҳми ва ҳусну тафоҳум баргузор гардид.