Ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону ва Ҷқмҳурии Исломии Эрон

7-8 уми июни соли 2021 дар щаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эронро Вазири неру Ризо Ардакониён роҳбарӣ намуданд.

Дар доираи кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ мулоқотҳои Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакониён ва дигар роҳбарони ширкатҳои соҳаи обу барқ, нафту гази Эрон баргузор гардида ва ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мазкур баррасӣ шуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо барои ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолият, НБО “Сангтуда” ва соҳаи Нафту газ диққати ҷиддӣ доданд.

 

Комиссияи мазкур барои барраси намудани масъалаҳо, чор гуруҳи корӣ ташкил намуд. Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои фаъолгардонии ҳамкориҳо дар соҳаи бонки, нақлиёт, маориф ва илм, фарҳанг, иқтисод, саноат, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират, сармоягузорӣ, сайёҳи, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охир, тарафҳо Протоколи ҷаласаи 14 – уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эронро ба имзо расониданд, ки он созиш ба даст омадани зимни ҷаласаро инъикос менамояд.