Санаи 18 июни соли 2021 бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар Вазорат ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба оби нӯшокӣ ва ва санитария баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур, ин шарҳи ҷалби сармоягузориҳо барои соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ва таҳия намудани зерсанадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию танзимии бахши оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ба ҳисоб мерафт.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо марбут ба натиҷаҳои аввалини шарњи сармоягузорињои давлатӣ дар соҳаи оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ҷалби сармоягузориҳо барои соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ҳамкорӣ байни Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ислоҳоти соҳаи об дар доираи Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов дар Тоҷикистон”, қонунгузорӣ дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ва рушди минбаъдаи он, такмил додани заминаи ҳуқуқӣ – асоси механизми рушди санитарӣ дар Тоҷикистон барраси гардидаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов”.
Дар кори ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравии болозикр намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, шарикони рушд, коршиносон ва дигарон иштирок намуданд.