24 июни соли 2021 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар вохурии маҷозии 4 – умин ҷаласаи вазирони энергетикаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), ки таҳти раисии Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбойҷон барқарор гардид, ширкат варзид.
Дар маҷлис вазирони энергетикаи Туркия, Эрон, ва Туркманистон ба дигар намояндагон аъзои давлатҳои Ташкилотҳои ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут, вобаста ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бехатарии энергетикӣ, рушди бозори минтақавии нерӯи барқ, ҷалбӣ сармоягузорӣ дар бахш ва ҳамкориҳои байналмилалӣ барраси шуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об дар баромади худ фаъолияти муҳими чорабиниҳои Созмони ҳамкории иқтисодиро дар пешбурди равандҳои ҳамгироӣ дар бахши энергетика қайд намуд.
Дар ҷараёни мулоқоти вазирони энергетикӣ якчанд ҳуҷҷат, аз ҷумла Стратегияи нави энергетикӣ ва нақшаи амалиёти харитаи роҳ оид ба пешбурди бозори минтақавии барқ дар Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид.