25 июни соли 2021 дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба тҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Далер Ҷумъа сароғоз кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва ниҳодҳои зертобеъро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, чунин иброз дошт, ки Ваҳдат – беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, ҳастии инсон дар ҳар замон аст. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.
Дар баробари сухани табрикотии худ, муҳтарам Далер Ҷумъа қайд намуд, ки мо, кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар робита ба сиёсати обиву энергетикии кишвар, пурра ноил гардидан ба Истиқлолияти энергетикӣ ва равшану чароғон намудани ҳар як хонадони сокини ин сарзамини аҷдодӣ азму талош хоҳем кард
Дар ҷараёни ҷаласаи тантанавӣ кормандони Вазорат дар бораи таърих ва моҳияти Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуданд.