Ба таваҷҷӯҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки пагоҳ – 12 августи соли равон, соати 11:00 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии нахустини вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, тариқи маҷозӣ баргузор мегардад.
Дар кори он намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои аъзои созмони ҳамкориҳо Шанхай, аз ҷумла Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Точикистон, Вазири нафт ва гази табии Ҳиндустон, Вазири энергетикаи Қазоқистон, Вазири энергетика ва саноати Қирғизистон, Вазири энергетикаи Покистон, Вазири энергетикаи Федератсияи Россия, Вазири энергетики Узбекистон, Роҳбари Саридораи идоракунии энергетикии Хитой ва Муовини Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай иштирок ва суханронӣ менамоянд.