Санаи 31 августи соли 2021 дар бинои Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории мазкур ин баррасии масоили марбут ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи об, раванди таҳияи лоиҳаи Барномаи давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов то соли 2030 ва ҳамчунин такмили сохтори идоракунии соҳаи оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Ҳамзамон, дар кори ҷаласа равандҳои татбиқи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, таҳияи зерсанадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию танзимии соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нўшокӣ ва рафъи обҳои партов”, дастурамал оид ба идоракунии системаҳои обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов дар деҳот, ҳолат ва дурнамои рушди соҳаи об, иштироки шарикони рушд дар татбиқи амалии ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоили ба ин хос мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, шарикони рушд, инчунин олимон ва коршиносони соҳаи об иштирок доштанд.