17 – уми сентябри соли 2021 дар Вазорати эергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотӣ кории Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Алиакбари Мехрубониён баргузор гардид.
Сароғоз Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иштироки намояндагонро хайрамақдам намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо зарурати дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ мубодилаи афкор намуданд.
Дар баробари ин, масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар минтақа низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҷонибҳо, ҳамчунин татбики лоиҳаи НБО – и Роғун, нақшаи маблағгузории лоиҳа ва ислоҳоти сохаи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре дар боло қайд гардид, ҷонибҳо ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои об ва нафту газ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Маврид ба қайд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ – таъмини Истиқлолияти энергетикӣ иқдоми бузурги созандагӣ пеш гирифта шуд, ки дар доираи он бо ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин аз ҷониби Эрон, асосан дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда – 2 ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат нерӯгоҳҳои хурду бузург ва зеристгоҳҳо бунёду навсозӣ гардиданд, ки дар натиҷа сифати таъминоти нерӯи барқ ба аҳолӣ боз беҳтар гардид.