20 – уми сентябри соли 2021 Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа мушовири сардори раёсати ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марк Бухманро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорат ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо мақсад гузоштанд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самтҳои баррасишаванда минбаъд низ вусъат мебахшанд. Дар маҷмуъ, вохўрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.