1 октябри соли 2021 вохурии Вазири энергетика ва захираҳои об муҳтарам Далер Ҷумъа бо бо Намояндаи навтаъйини Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, хонум Тери Хакала баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерлин Йосефсон, сардори шӯъбаи сиёсат, матбуот ва иттилооти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Петра Гаспарова, роҳбари шӯъбаи кӯмаки техникии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Марк Бухман, инчунин намояндагони раёсати соҳавии Вазорати энергетика ва захираҳои об иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои муносибатҳоро баррасӣ карда, вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва дигар масъалаҳои байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
Дар охир ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати барои мусоидат ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захирахои об иброз намуданд.