Вохурӣ бо вазири экология, геология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон

18 октябри соли 2021 дар Вазорати энергетика ва захираҳои об мулоқоти муҳтарам Далер Ҷумъа бо вазири экология, геология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Брекешев Сериккали баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо  омодагии худро ҷиҳати тавсеаи  ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика ва захираҳои об иброз намуданд.

Инчунин Далер Ҷумъа барои кумаки моддию техникӣ, ки аз ҷониби Қазоқистон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид, изҳорӣ миннаторӣ карда, иброз намуд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст ҳамкории наздикро бо ҳамаи кишварҳои минтақа  робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд  густариш диҳад.