Дар доираи 26-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолаби Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP26), 1 ноябри соли 2021 чорабинии мувозӣ таҳти унвони «Барфу ях дар шароити тағйирёбии иқлим: чи гуна устувориро нисбат ба оқибатҳои торафт бадшавандаи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим дастрасӣ ба об” баргузор гардид. Ташкил кунандаи чорабинии мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (WMO) ва ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинии мазкур алоқамандии байни тағйирёбии иқлим, криосфера ва вобастагии инсон аз об, ва инчунин таъсирнокии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, аз он ҷумла вобаста ба обшавии пиряхҳо, афзоиши офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур ҷаноби Петри Таалас секретари генералии Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, Раиси Кумитаи Ҳифзи муҳити зистӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонуми Шамила Наир-Бейдулла Ёрдамчии деректори Генералии ЮНЕСКО, Раиси Кумитаи иҷроияи ФБНА, Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва иқлим ширкат варзиданд.
Дар Музокирот ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ва инчунин ҷонибҳои манфиатдор аз ниҳодҳои муҳити зист, об, энергетика ва кишоварзӣ иштирок намуданд.
Таваҷуҳи махсус дар доираи чорабинии мазкур ба ташаббуси нави Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 соли Байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби иштирокдорон дастгирии васеъ ёфт равона карда шуд.