5 нояябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Вазорат ба ифтихори 27 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кулли кормандони Вазорат баргузор гардид.
Сароғоз Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои об ҳозиронро ба ифтихори 27-умин солгарди ҷашни фархундаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муброакбод намуда, барояшон саодатмандию сарбаландӣ, саломативу сарфарозӣ, хонаи ободу рузгори осуда ва дар фаъолияти ҳамрузаи меҳнатиашон комёбиву муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.
Қайд карда шуд ки, ҳама кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об ва кулли масъулини соҳаҳои марбут ба фаъолияти Вазорат дар ҳамбастагӣ бо тамоми мардуми шарифи Ватани маҳбуб баҳри вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу иҷтимоии кишвар ва устувор нигоҳ доштани он, инчунин фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони азиз тамоми донишу малака ва қудрату тавоноии хешро равона хоҳанд сохт.