16 ноябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Вазорат таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар суханронии худ Далер Ҷумъа кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи фархунда, ки ҳамасола 16-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, табрику муборакбод намуданд.
Далер Ҷумъа таваҷҷуҳи ҳозиронро инчунин ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуда, илова кард, ки маҳз саъю талошҳои Сарвари давлат буд, ки имрӯзҳо мо мавриди эътирофу эҳтироми ҷаҳониён қарор гирифтем.