24 ноябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти раисии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон – муњтарам Далер Ҷумъа ва бо иштироки кулли кормандони дастгоҳи марказии Вазорат баргузор гардид.
Ҷаласаро муҳтарам Далер Ҷумъа бо суханони табрикоти њусни оғоз бахшида, сароғоз ба толори маҷлисгоҳ Парчами давлатӣ таҳти садои Суруди миллӣ ва бо кафкӯбии аҳли нишаст ворид карда шуд.
Дар рафти ин чорабинии тантанавӣ ҳамзамон қайд гардид, ки Парчами давлатӣ, ки баёнгари ҳаққи мављудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роњи он ба ояндаи дурахшони кишвари азизамон маҳсуб ёфта, маҳз бо саъю талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барафтохта ва парафшон мебошад, имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, қудратманд, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Дар доираи чорабинии мазкур, ҳамчунин як қатор кормандони дастгоњи марказии Вазорат дар мавзуъҳои “ Парчам – муқаддасоти миллӣ”, “Парчами давлатӣ – ҳастии миллати тоҷикон”, “Парчам – рамзи садоқат ва истиқлолияти миллӣ” ва дигар моњияту муҳтавои ин рамзи соҳибватанӣ баромаду маърӯзаҳо намуданд.