21 декабри соли 2021 кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тариқи телевизион тамошо намуданд.
Дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, вобаста ба пешбурди манфиҳатҳои сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаи энергетика ва дигар вазифаҳои дахлдор суханронӣ намуд.